Бегонапарастӣ хоси мо нест!
Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон хамеҳа дар Паёму баромадхои хеш таъкид менамоянд, ки эҳтиром ва гиромидошти анъанахо , урфу одатҳо ва арзишҳои волои миллӣ бояд дар мадди назари ҳамаи мо бошад .Мо бояд ба анъанаҳои миллии хеш ҳамеша сидқан эҳтиром самимӣ гузошта бошем .
Мутаассифона, имрӯз ҳиҷоб ҳамчун як либоси бегона ва ба арзишҳои милливу сунатии мо номувофиқдар байни баъзе духтарону занони ҷомеаи мо паҳн гаштааст, ки ин албатта боиси нигаронӣ аст. Мо бояд имрӯз дар байни мардумташвиқу тарғиби либосҳои милливу сунатии хешро роҳандозӣ намоем.Бешак пӯшидани либосҳои сиёҳ, ба монандиҳиҷоб барои занону духтарони тоҷик хос набуда , ин тамоман бегонапарастист .
Аҳли ҷомеаи навини Тоҷикистонро имрӯз зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз даврони тинҷу осоиштаи Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ , созандагиву ободкорӣ ва рушду нумӯи кишвари биҳишосоямон баҳри боз ҳам гулгулшукуфии давлати соҳибистиқлоламон саъю талош варзанд,бегонапарастӣнакунанд, чунки ин хоси халқу миллати куҳанбунёди тоҷикон набуд ва ноҳад буд.
Мардуми шарифи Тоҷикистонро имрӯз зарур аст ,ки ба бегонапарастиву бегонахоҳӣ ва рафтору хислатҳое, ки барои халқи мо хос нест, дода нашуда, арзишҳои волои суннатии хешро муқаддас дошта,аз дастовардҳову неъматҳои Истиқлолият дифоъ намоянд ва собитқадамонаву софдилона дастуру супоришҳои судманди Асосгузори сулху ваҳдати миллиӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмонро маҳаки асосии кору фаъолияти хеш қарор диҳанд.
Мо бояд ташабусҳои наҷибонаву ҳадафманди Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша дар партави асосии фаъолияти хеш қарор дода, баҳри ояндаи неку осоиштаи Тоҷикистони азиз кӯшиш ба харҷ диҳем.
Аҳрорҷон Убайдуллоев – устоди кафедраи педагогикаи умумӣ