​Гирдиҳамоӣ дар Олмон

Ба гирдиҳамоии гирдиҳамомадагони ба қавли худ бузургу вале аз тарафи халқ дастгирӣ наёфта пурра се ҳафта сипарӣ гардид. Ба қавли онҳо афсӯс ки аз он ягон натиҷаи мусбат як сӯй истад, шарорачаи дастгирикунанда низ ба онҳои “ватандӯст” рӯй наовард.Халқи тоҷики Тоҷикистони соҳибтамаддунаҳмақ нашудаанд, ки думравони душманони миллаташро, ки худ танҳо номи тоҷикиро доранд дастгирӣ намоянд. Зеро онҳо худ бо хоҳиши худ ватани хуни нофашон рехтаро дар давраҳои аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ ба бӯҳрон рӯйовардаро тарк гуфтанду ҳоло бошад дар давлати тамоман бегона гирдиҳамоии тоҷикон ташкил доданд.

Се ҳафтаи дароз аз он гирдиҳамоӣ гузашту вале ҳоло низ онҳои “ватанпарвар” умедворанд, ки аз тарафи миллати соҳибдавлати Тоҷикистони соҳибистиқлол каме нимдастгирӣ меёбаду онҳои “азиз”-ро ба Тоҷикистони офтобрӯя даъват менамоянд. Гирдиҳамоигарон намедонанд, ки тушбераи набударо хом шуморидаанду, аммо бехабар аз онпухтани онро орзу мекунанд. Орзуҳои онҳо ҷомаи амалро ба бар нагирифта пӯсида хоку туроб гардида истодааст. Соҳибмиллатони давлати бузурги Олмон ҳайронанд, ки чаро он тоҷикони кӯчагард қад-қади роҳ озодии Умедҷон Солиҳовро мехоҳад. Халқи Олмон ба мисли ватанпадрудгуфтагони гирдиҳамоигар аҳмақ нестанд ва ба воситаи ВАО дар бораи Тоҷикистони Соҳибистиқлол ва сардори давлаташ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аққалан дар бораи сохта ба истифода додани НБО Роғун дар дили кӯҳҳои ба фалаккашида маълумот мегиранд. Олмониҳо ва тамошогарони он гирдиҳамоӣ ба ҳоли гирдиҳаоигарон дарун-дарун ба бешуриву дархостҳои дар рӯи табақ намеистодаи онҳо механданд. Аммо гирдиҳамоигарон аз ин кирдорашон бар зидди ватану халқи худ дарун-дарун хиҷолат мекашанд. Ба мо соҳибватанони дастгирикунандагони халқу миллати худ онҳо бигзор дарун берун сӯзанду орзуву мақсад ва маромашон сӯхта хокистар гардад ва шамолу шабодаи Европа гарди онро ба уқёнус бараду чангашон низ ба сарзамини Ватани мо наояд. Гирдиҳамоигарон киҳоро ва барои чӣ онҳоро ҳимоя намуда гирдиҳамоӣ ташкил намуданд худ хуб медонанд. Барои чӣ айнакҳои зиддиофтобӣ дар ҳавои тира гирифтаанд, барои чӣ аз камераҳои наворгирӣ худро ба канор кашидаанд ва барои чӣ бо сарпӯшҳояшон рӯяшанро панаҳ намудаанд яъне ноҳаққии худро нисбат ба Тоҷикистон худ хуб медонанд. Дастони онҳо саршори овезаҳо барои дастгирии исёнгарони ҳабсхонаи шаҳри Хуҷанд ва бо мӯҳлати зиёд ба ҳабс кашидашудагони коркунони Ҳокимиятҳои давлатӣ, яъне хиёнаткорони миллати тоҷикдар Тоҷикистон буданд. Гирдиҳамоигарон мақсад ва мафҳуми гирдиҳамоии худро бо ҳамин нишон доданд, вале дастгирикунандагони онҳо маҳз бадбинони сохти давлатии Тоҷикистон ва думравони хоҷагони террористу экстремист буданд. Онҳо калимаи “Озодӣ”-ро ифода менамуданду худ бехабар буданд, ки даҳшату марги инсониятро дастгирӣ мекунанд. Аксари гирдиҳаоигарон намедонистанд, ки ягонатӯъмаи бедардумиёни хоҷагонашон гардидаанд. Оқибати онро танҳо аз истифодаи пулҳои бедардумиёни онҳо медиданд. Мо халқи тоҷик бо баробари эълон гардидани гирдиҳамоии тоҷикон дар Берлин мушханде намудем, ки онҳо танҳо фиребхӯрдагони сиёсатвайронкунандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанду халос, вале дигар ҳеҷ чӣ не.

Изҳороти саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ факултети забонҳои хориҷӣ Сатторова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ