​Чанд нукта перомуни таклифи Мирзо Салимпур

Боиси таасуф аст, ки имрӯз тане чанд аз бегонапарастон дар гӯшаҳои мухталифи дунё гирди ҳам омада, барои амалӣ намудани аҳдофи нопоку ғаразноки хеш қувваозмоӣ менамоянд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи моро сиёҳ карда, худро бегуноҳ меҳисобанду аз адлу инсоф ҳарф мезананд. Гумон мекунанд, ки эшон барои халқи тоҷик ғамхоранду аммо нисбати онҳо бадгумонӣ ғолиб омадааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро аз сояи худ метарсанд, модоме ки ҳақ ҳастанду ҷонибдори халқ? Охир мардуми шарифи Тоҷикистон худ медонад кӣ неку кӣ бад? Халқро фирефтан ғайриимкон аст. Ин нафарон аз таҳқири инсонҳои сарсупурдаи Ватан на шарм мекунанду на дар дил ҳаросе доранд. Аз суханрониҳои беадабони онҳо мусаллам аст, ки худ худобехабару ватанбезоранд. Дар дил нияти дигар доранду дар забон фазлфурӯшӣ. Онҳо ҳам махлуқанд, Холиқ яктост.

Мо аъзои кафедраи адабиёти классикии тоҷик ин гуна “ватандӯстон”-у “ғамхорони миллат”-ро маҳкум сохта, таманнои онро дорем, ки Офаридгор ба эшон инсоф ато фармояд ва ба ҷодаи дуруст роҳандозӣ намояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ