​Ба босмачиву босмачигарӣ нафрат мехонем

Чи хеле, ки аз таърих медонем, дар ҳар давру замон гурўҳҳои реаксионӣ, яъне иртиҷоие вуҷуд доштанд, ки нисбат ба ҳама гуна навоварӣ бо назари шубҳа менигаристанд. Агар солҳои аввали асри XX-ро ба хотир орем, ҳамин гурўҳи эътирозӣ, ки зидди илму маърифату навовариҳо буданд, ҳаракати босмачигариро ташкил карданд. Онҳо бунёди беморхонаҳо, хати роҳи оҳан, барқ, алоқа ва мисли инро «куфр» эълон мекарданд.

Солҳои 90-уми қарни гузашта низ, вақте ки насими ҳувияту демократия вазид, қабл аз ҳама, ҳамин тоифа шахсон ноором шуданд, ошўб бардоштанд, ҷумҳурии моро ба коми оташу ҷанг кашиданд. Давлат ва артишро фалаҷ карданд ва сабабгори аслии бадбахтии он замон – ҷанги бародаркушӣ гардиданд.

Онҳо нафаронеанд, ки манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоҳанд аз нав истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд ва онро дубора ба дастнигару бардаи бегонагон табдил диҳанд. Чун худ озод нестанд ба дигарон низ озодӣ бахшида наметавонанд.

Дар замони муосир ва умуман дар таърихи чандинсолаи миллати куҳанбунёди тоҷику тоҷикистонӣ мафҳумҳои “босмачӣ” солҳост, ки аз фикру андешаҳои мардум фарсангҳо дур шуда, дар хотири мардуми сулҳпарвару ватандӯст ёдрас намешуд. Имрӯз ин мафҳум, махсусан, барои ҷомеа ва ҷавонони кишвар хеле норавшан аст. Зеро имрӯз мафҳумҳо ва амалҳое, ки ба мардум даҳшату зӯроварӣ, ноадолатӣ, хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ва дурӯягиро ташвиқ мекунад, ба миён омадааст, ки огоҳӣ пайдо намудан ба падидаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза хеле муфид мебошад.

Зеро ашхоси нопок низ бо кӯмаки давлатҳои исломӣ ва дигар хориҷиёнаш кӯшиш намуда истодаанд, ки амнияту осоиштагии кишварро халалдор сохта, аз як ҷиҳат манфиати моддӣ ба даст оранд, аз ҷониби дигар бисёр мехоҳанд, ки сиёсати давлатиро низ дар ихтиёр дошта бошанд.

Роҳбарони ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ барои дар пинҳони нигоҳ доштани чеҳраҳои ҳақиқиашон ва аз хеш тарошидани муборизони роҳи рост, дар навбати нахуст номҳоеро тамғаи худ месозанд, ки ишора ба пуштибонӣ аз миллат, демократия, дин ва дигар арзишҳои инсонсозии одамон дошта бошад. Наҳзатиён бо ин корҳо хешро давомдиҳандагони ҳаракати озодихоҳони босмачиён унвонгузорӣ карданд.

Сарварони ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ аз шабакаҳои фейсбук,интернет ва ғайра истифода бурда, дар намуди ҳаракати босмачиён бар зидди ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мубориза мебуранд ва дубора ба шеваи кӯҳнаи ҷаҳолати асримиёнагӣ бозмегардонӣ мехоҳанд.

Аммо халқи тоҷик ҳушёриро аз даст надодааст ва бо фаъолияти созандагию ташаббус кори машғул буда, ба ташвиқоти «босмачиёни замони муосир» - ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд, дигар ба бетартибию вайронкориҳои босмачиёни ҲНИ роҳ намедиҳанд ва ин оромиву осудагии аз хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳазорон ранҷи мардум ба даст омадаро бо тамоми ҳастӣ ҳифз ва пойдортар хоҳанд кард.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика Юнусова У.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ