​Илҳом Ёқубов ҳуқуқи сухангӯӣ нисбати халқи тоҷик надорад!

Халқи тоҷик бо сардории Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолият ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият, яъне соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ноил гардид. Вале дар ҷомеаи мо нафароне вомехўранд, ки бо суханҳои дурўғу фитнаангез ҷамъияти моро халалдор месозанд.

Яке аз чунин шахсиятҳо, ки ба гурўҳи ифротӣ дохилмешаванд, Илҳом Ёқубов мебошад, ки шахси дурўяву хушомадгўй буда, бо ақидаҳои ғаразнокаш аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сухан гуфта, чун дигар шарикони худ дар доираи ҲНИ, мехоҳад, мардумро гумроҳ созад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки вай худро узви ташкилоти «Паймони миллат» ҳисобида, нисбати давлату миллати мо ақидаҳои ғаразнок баён мекунад. Нафаре, ки нисбати халқу Ватани худ ақидаҳои беасосу фитнаангез мегўяд, магар дар қатори инсон ҳисобидан мумкин аст? Ҳаргиз не! Зеро амалҳои зидди давлату миллат раводидаи онҳоро тамоми тоҷикон маҳкум мекунанд.

Амалҳои вай бо аъзои дигари ҲНИ зидди давлати мо равона карда шуда, боиси нигаронии Ҳукумати кишвар ва мардум мебошад. Аммо онҳо як чизро ба назар нагирифтаанд, ки халқи тоҷик ба чунин таҳдидҳои дурўғини онҳо бовар намекунад, ба доми онҳо намеафтад. Халқи шарафманди мо ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари азизамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ доранд, ҳифз мекунад ва дастгирӣ менамояд.

Халқ аллакай хулоса баровардааст, ки истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ дастоварди беназир дар таърихи навини тоҷик буда, он душманони халқ, ки дар қаноти якдигар дар доираи ҲНИ қарор доранд, бояд фаҳманд, ки суханони бардурўғи онҳо ба гўши мардум намефорад, халқ ҳамеша тарафдори зиндагии осоишта буд, шукронаи давлати соҳибихтиёр мекард ва бо заҳмату талошҳои худ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва ҳукуматро пайравӣ менамояд.

Кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ