Дили нопоки хиёнаткорро шинохтан номумкин будааст…

Имрӯз аз ҷониби ватанфурўшони миллат, бо дастгирии хоҷагонашон бозии навбатиашонро дар Аврупо идома дода, бо ақидаҳои равияҳои тундгарою ифротӣ ва маҳаллгароии худ боз вазъи сиёсии кишвари азизамонро ноором кардан мехоҳанд. Аз ин рў, ҳар инсони худогоҳу хештаншинос ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ин ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинад, хомуш истоданаш аз рӯи виҷдон нест. Дар ин маврид шоири бузурги тоҷик Бедили Деҳлавӣ гуфтааст:

Чашме, ки надорад назар ҳалқаи дом аст,

Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.

Афродон ва якчанд гурӯҳҳое, ки зодаи ҳамин Ватан ва модар ҳастанду аз обу хоки ин сарзамин ба воя расидаанд, баъди ба балоғат расидану мустақил гардидан на ҳаққи фарзандии ин Ватан ва на ҳаққи шаҳрвандии онро ба ҷо оварданд. Ба ҷои оне, ки баҳри ободонии ин хонаи муқаддас барои мо–тоҷикон хизмат кунанд, ин зархаридон ба хоҷагоне, ки пулу моли дунёро ба онҳо тақдим мекунад, ба ҳама кор тайёр ҳастанд. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар шаҳрҳои Аврупо қарор доранд, иғвогарӣ намуда истодаанд.

Доир ба масъалаи маҳалгароӣ бо боварии комил метавон гуфт, ки умуман кулли сокинони кишвари азизамон, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро эътимод ҳосил намекунанд. Бинобар ин, имрӯз Тоҷикистону тоҷикистониён ба ин гуна аҳзобу анҷуманҳои фитнаангез эҳтиёҷ надоранд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Шарипова М. – дотсент


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ