Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Манонова М.
Пўшида нест, ки ба амалҳои зиддиинсонӣ асосан онҳое даст мезананд, ки ҳисии ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона аст. Гирифторӣ ба таассубу ҷаҳолат, ғуломи ақидаи ғайр будан, фармонбардори қавму миллатҳои бегона гаштан аз аввал ба хуни ин қабил шахсон ворид гаштаву онҳоро дар асорати ҳамон ҷойгоҳе нигоҳ медорад, ки ҳазорсола пеш ба сарашон ворид гашта буд. Лек ҳазорҳо сол ҳам гузарад, таърих хиёнаткоронро фаромўш намекунад, намебахшад ва онҳоро мудом нафрат хоҳад хонд. Чунончи даҳаи охири асри гузашта амалҳои зишту номатлубро Созмони ғайриинсонии ҲНИ дар кишвар анҷом дод. Ҳарчанд таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ иборат бошад ҳам, вале баръакс аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ норозигиву иғво ва кинаю адоватро барангехтанд.
Ҳамин тариқ, гурўҳҳои дар боло зикршуда мусаллаҳ бо супоришҳои хоҷагони хориҷиашон ақидаҳои бегонаи динӣ-мазҳабиро бо арзишҳои миллӣ махлут намуда, мехостанд, ки ҳадафҳои паси пардаи дин пинҳонкардаашонро ҳуввияти миллӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистонро ба ҷониби торикию ҷаҳолат раҳсипор созанд. Хушбахтона, тавассути ҷонбозиҳои як қатор фарзандони меҳанпараст таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор шуд. Вазифаи хар як сокини мамлакат, алалхусус зиёиён ин дар партави мазҳаби созишпазири ҳанафии ниёгонамон қомат рост карда, дар баробари эътиқоди худ ба боварию эътиқоди дигарон арҷ гузорем ва бар зидди ҳадафҳои нопоку ғаразомези бегонагон о сипар кардани ҷону тан ва ақлу ҳуш мубориза бурдан аст.