Экстремизм ва терроризм –падидаҳои номатлуби ҷомеа
Дарҷаҳони муосир, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони аксарияти давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар робита ба ин омили бегона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст”.
Аламовараш аз он иборат аст, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро дар зери ниқоби дини ислом амалҳои нопоки худро ба роҳ андохтаанд. Яъне имрӯзҳо дини мубини исломро аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои террористию эктремистӣ ҳамчун омили дастрасӣ ба ғаразҳои ифлоси сиёсиашон истифода бурда истодаанд. Дар ин замина мо бояд сокинони Тоҷикистони азиз аз таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом таҳдид доранд, муайян карда паҳншавии онро дар байни ҷавонон ва умуман ҷомеа пешгирӣ намоем. Ба Ваҳдати миллии Ҷумҳурии азизамон шукргузори намуда барои ободони ва гулгулшукуфии ватани азизамон пайваста меҳнати ҳалол намоем.
Мо омӯзгорон дастурусупоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмонро шиори худ дониста барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ камарӣ ҳиммат бандем. Ва нагузорем, ки ягон гурӯҳи тунгаро тинҷию оромӣ ва Ваҳдати миллии моро халалдор намоял.
Сармуаллими кафедраи ФН ва МТФ Умаров Н.Н.