​Ифтихори мо аз Ваҳдат аст !

Орияти халқи тамаддунофари тоҷик боло гирифтаву оташи ҷанги шаҳрвандии дохиларо бидуни дахолати мамлакатҳои бегона байни худ тавассути бастани Созишномаи Ризоияти миллӣ ва Истиқрори сулҳ хотима бахшиданд. Ин санаи муҳими таърихиро дар тақдири халқи меҳнатқарини Тоҷикистон метавон давраи воқеии пешрафти ҷомеа шуморид. Зеро, то ин давр маблағҳои калон барои муқобилият бар зидди ошӯбгарону балвоҷӯён сарф мешуданду давлатдорон барои танзими равандҳои иқтисодиёт вақти талош надоштанд. Инчунин, давлатҳои ҷаҳон бо сабаби нооромии кишвар аз сармоягузорӣ ба Тоҷикистон худдорӣ менамуданд ва боварӣ надоштанд, ки ин мамлакат ояндаи субот дорад. Таъмини якпорчагии мамлакат ва барканор намудани низоҳои дохилӣ аз давраи бастани Созишномаи Ризоияти миллӣ ва Истиқрори сулҳ оғоз мегираду аз ин давр рушди иқтисодиёт ва суботи ҷомеа амалӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ санаи муқаддаси худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Аммо, дар ҷомеа нафарони разилу палид низ умр ба сар мебаранд, ки хислатҳои инсонӣ хоси онҳо нест ва онон ҳамчун ҳайвонҳои ваҳшию дарранда танҳо дар ғами хеш ҳастанду халос. Ба ин тоифа як қисми ками наҳзатиён, ки фурӯхтаи хоҷагони хориҷианд ва ватангадою сарсонанд, шомил ҳастанд. Ин нафарони виҷдонфурӯш ва беимон дар хориҷи кишвар бо ватанфурӯшӣ маблағ ба даст меоранду зиндагонӣ мекунанд. Ҳаромиён ҳатто аз он, ки ба фарзандонашон нону оби аҷнабӣ ва ҳаром медиҳанд, ҳазар надоранд.

Алҳазар, аз чунин ҳаёту умри бесамар! Ҷазои чунин нобакоронро аз Офаридгор таманно намуда, итминони комил дорем, ки мӯҳлате мегузараду онон пушаймону сарсон сархам мекунанд. Аммо, аллакай дер мешаваду халқи тоҷик бо ифтихор ба забон меорад, ки “Хас каму ҷаҳон пок”.!

Кафедраи геоэкология ва методикаи таълим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ