Мақола барои Салимпур аз КДАМ хост, таклифашро дар баробари «ферма» муайян кунад
Тавассути шабакаҳои Фейсбук ва Ютуб душманони дохиливу хориҷии мамалакати мо - Тоҷикистон ба таври худ бо гуфтаву суханҳои бемаънову берун аз чорчӯба дилашонро холӣ карда мегиранду ҷавобашро бесаброна интизорӣ мекашанд, ки ин навбат кадом посухҳои ҳақиқатҷӯёнаи халқи оддиву қатории давлати Тоҷикистон ба онҳо дода мешавад. Мебинанд, ки суханони онҳо барои вайрон намудани ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон дар зери роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетаъсир аст, тухми бӯҳтони навбатиро нисбати ин мамлакати осоишта мекоранд, вале он намесабзаду бесамар мемонад.
Дили он нависандагони дилсиёҳ дар ҳаққи давлати орому осоиштаи мо бӯҳтонҳои нав ба навро меҷӯяду онҳоро дар амал татбиқ карданӣ мешаванд, вале онро мардуми тоҷик назари писанд намекунанд, зеро ба қадри истиқлолияти ба даст овардаи халқашон яъне тоҷикон мерасанд. Тарбузи бағали онҳо ҳамеша аз паи афтидан мебошад, зеро тӯҳмату бӯҳтонсароии ноҳаққона дар ҳаққи ватану кишвари мо ҳамеша бе дастгирӣ мемонаду ниҳоят он тарбуз ба замин меафтад ва мо мебинем, ки он ба мисли туҳматсароён “кабуди хомча” аст.
Нуқтаҳои назари “фермаи ҷавоб”ва дастгирикунандагонаш нисбати фазои сиёсӣ ва амниятии кишвар ҳамеша бемаъно ҳастанд ва танҳо тарғибгари фитаангезиву номуросоӣ дар байни халқи орому осоишта мебошанд. Ин навбат онҳо низ беисбот тӯҳмат карда истодаанд, ки Мирзои Салимпур ришваситон мебошаду танҳо манфиати ТТЭ ва ҲНИ-ро дар кадом давлате набошад ҳимоя менамояд. Худи он тӯҳматгароёни беисбот суханмеронда манфиати ТТЭ ва ҲНИ-ро на танҳо дар Тоҷикистон балки дар хориҷи кишвар дастгирӣ менамоянду ягон-ягон тӯҳмат мекунанд, ки халқ барои муҳокимаи тӯҳматҳои сароидаи онҳо машғул шаванду онҳои бӯҳтонсаро бӯҳтонҳои навбатии наву тозаро нисбати Тоҷикистону халқи меҳанпарасташ бемалол сароянд.
Чӣ тавр бошад ҳам, мо омӯзгорон нисбати кирдору рафтори онҳо ҷавобҳои ба онҳо муносиб менависему ҳамеша ба онҳо инсофу ростқавливу ростгӯӣ металабем, то онҳои бӯҳтонсаро ба инсоф оянду давлати рушдёфтаву рушдёфтаистодаамон Тоҷикистонро бо халқи меҳнатқаринаш наҳ назананд ва аз тарғиби амалҳои ношоистаи зиддиҷамъиятӣ парҳез кунанд. Мо ҳамеша маҳкумкунандагони рафтори хоинонаи онҳоем.
Бигзор нақшаҳои нопоки душманони миллати тоҷик, ки фазои ороми кишвари моро халалдор месозад барбод гардад!
Аҳли ҷомеаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ