​Барояшон амнияту суботи кишвар арзиш надорад

Ватан, Истиқлолият, озодӣ ва ободӣ аз вожаҳои муқаддас ба ҳисоб рафта, ба қадри ин вожаҳову асли мафҳуми онҳо нафаре мерасад, ки аз муборизаву ҷонисориҳоихалқ дар роҳи расидан ба озодию истиқлоли миллӣ бохабар бошад.

Вазифаи ҳар яки мо дар назди Ватан, ҳимояи бошарафонаи ин марзу бум аст. Мо бояд барои тараққиёту шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро гузорем ва ба ду сангар ҷудо шудани мо хатарнок аст. Суботи меҳани хешро дар мадди аввал гузоштан муҳимтарин нишони дӯстдории Ватан аст. Аммо мутаассифона, рафтору кирдори ҳамватанони бурунмарзии мо, ки дар кишварҳои хориҷ паноҳ мебаранд ва оромии суботи кишварро халалдор кардан мехоҳанд моро ба андеша водор мекунад. Зеро онҳо аз ҳар вазъияти ба амаломада, аз ҳар бадбахтии рухдода ва, ҳатто, аз марги дӯстон истифода мебаранд.

Ба манфиатҳои ғаразноки хеш суиистифода кардани марги Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси номии кишвар, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон низ талафоти бузург аст, кӣ будан ва чӣ хостани ин тоифаро боз ҳам равшантар месозад. Вақте Файзиниссо Воҳидова зинда буд, Кабирӣ ба ин зан кордор набуд, аммо чун дид, ки аз марги ӯ низ метавон ба манфиати худ истифода кард, ба гӯлу гумроҳ кардани мардум оғоз намуд. Чун диданд, ки баъди «мурдаро монда тутхӯриашон» ба мақсад нарасидан ва миёни ҷомеа ва халқи одӣ иғво барангехта натавонистанд, хостанд бо дигар роҳ ба эсоси мардум таъсир гузоранд. Чунончи Муҳиддин Кабирӣ, дар маросими ёдбуди шодравон Файзинисо Воҳидова қайд кардааст, ки бо пешниҳоди баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” таъсис дода шуда, ва ҳамасола ба бонувон ва занони шуҷоъ, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар махсусан ҳуқуқи занон фаъолият мекунанд, дода мешавад. Воқеан, ин тоифа ба хотири дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном кардани Ватани худ, ҳатто, аз бадбахтии дигарон истифода мекунанд. Файзиниссо Воҳидова зани мубориз буд, аммо ӯро ҷабру ҷафодидаи Ҳукумати Точикистон нишон додани мухолифини гумроҳ камоли ноилоҷии онҳоро нишон медиҳад. Агар имрӯз ин кирдорҳо ва иғвоангезии чанд тан аз хоинони Ватанро баррасӣ намоем, равшан мешавад, ки барои онҳо амнияту суботи кишвар арзиш надорад.

Бо вуҷуди ҳама талошҳо онҳо ба мақсадҳои нопоки худ расида наметавонанд. Ин амали онҳо бори дигар собит сохт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ – террористӣ эътироф намудани он, ки роҳбаронаш даст ба хиёнату ҷиноят зада, мехостанд, ҳокимияти конститутсиониро барҳам диҳанд, амали дуруст ва одилона буд.

Ҷомеаи кунунии Тоҷикстон барои расидан ба як ҷомеаи мардумсолор, қонунпарвар ва адолатпеша талошҳои пайваста дорад ва таъмини амну субот, манфиатҳои миллӣ, озодиву ҳуқуқи инсонро аз мароми аввалияи худ меҳисобад.

С.Ҳакимзода, устоди ДДХ ба номи академии Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ