Бе асо роҳи даҳан маълум бошад кўрро
(илҳом аз нигоштаҳои Сархатиби вилояти Суғд мўҳтарам Мўсозода Ҳ.)
Вақте аз муносибат ва рафтору кирдори ноҷавонмардонаи намояндагони ташкилоти экстремистию террористӣ огоҳ мегардем, маълум мешавад, ки ин ҳама ноҷавонмардиҳо, хиёнат дар ҳаққи Ватану миллат, хиёнат ба обу хоки муққаддас ва хиёнат он ҷое, ки хуни ноф рехтааст, манфиати шахсӣ аст; мурод расидан ба мансабҳои баланд, ба даст овардани ҷоҳу ҷалол, молу сарват ва бениёз будан аст. Барварда кардани ниёзҳои шахсӣ ва надидани шароиту ниёзҳои атрофиён кори хиёнаткор ва номусалмон аст, ки ин гуна ашхос ками андар кам ба мурод мерасанд (хушбахтона). Ҷаноби Кабирӣ аз табори ҳамин гуна ашхос аст, ки чашми охурбин дорад: барои худу атрофиён мекўшад. Барои ин ҷаноб тақдири миллат, забон, таърихи миллӣ арзише надорад. Ба таъбири сархатиби вилояти Суғд Ҳ.Мўсозода,Кабирӣ буқаламунеро мемонад, ки ҳар лаҳза вобаста ба шароиту давр ранг иваз мекунад.
Худбинуву худхоҳамии Кабирӣ маҷбур кардааст, ки ба хотири ному нон табрики солинавӣ намояд... Кабирӣ аъмоеро мемонад, ки роҳи даҳонро ҳеҷ гоҳ фаромўш накардаасту намекунад!!! Абулмаонӣ мефармояд:
Дар тариқи нафси худ кас нест мўҳтоҷи далел,
Бе асо роҳи даҳан маълум бошад кўрро.
Ҷаноби Кабирӣ бояд донад, ки бузаргони мо чашми охирбинро васфу ситоиш намудаанд. Сано ба оне, ки чашми охирбин дорад. Мавлоно дар сифати чунин ашхос менависад:
Чашми охирбин тавонад дид рост,
Чашми охурбин ғурур асту хатост!
Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик, Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чашми охирбин доранд, ки фардои босаодати миллатро барномарезӣ менамоянд. Ҳама ҷомеаи тоҷикистониён (махсусан) ва берун аз он ба ақли дарроку нигоҳи фардонамои Сарвари давлат қоиланд: мебинанду мешунаванд, ки рўзгори мардум қадам ба қадам ва ҳатто соат ба соат беҳтар мешаваду кишвар ба гулистон табдил меёбад. Чунонки Сарвари давлат такрор ба такрор зикр мекунанд, ки ин ҳадди ниҳоии ободиву рафоҳ нест ва ободониву созандагиҳои бештар дар пешанд, ки таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба даст хоҳанд омад!
Кафедраи забони тоҷикӣ