​​Таомули ҳамсоядорӣ бояд, ки риоя шавад...

Муҳаққиқони мардумшинос хислати қирғизҳоро аз асри нуздаҳ оғоз карда омўхтаанд ва аз чанди ҷиҳат онро баррасӣ кардаанд. Албатта ҳамчун халқ қирғизҳо дар бисёр сифатҳои нек ба монанди ҷасорат, матонат, тобовариро доранд, ки инро касе инкор намекунад. Аммо мардумшиносон дар баробари ин ҷоҳилӣ, худхоҳӣ ва ҳатто майл ба ғорат доштани ин мардумро навиштаанд ва баъди гузашти дусад сол низ ба назар мерасад, ки ёғӣ будан, худхоҳӣ кардан дар байни мардуми қирғиз ҳаст.

Дуруст аст, ки дар тўли таърих қирғизҳо шикорчиёни хуб муаррифӣ гаштаанд, ҳамчун парваришгарони бозҳои шикорӣ то ҳол ба олам ном доранд. Аммо имрўзҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ онҳо бо камони шикорӣ ба ҳамсояҳои худ, бо тоҷикон, ки асрҳои аср дар канори ҳам зистаанд, тир мекушоянд. Ҳамоно худхоҳӣ ва ёғигии онҳо сар задааст, ки ба гуфтан нашояд.

Ин ҷо перомуни масъалаи воқеаи шоми 9-уми январ дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркуҳи Исфара сухан мекунем. Мардуми қирғиз мошини як нафар сокини ин деҳаро шабона сангборон мекунанд.Дар баёнияи Маркази матбуотии Кумитаи Қўшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи «Мерседес бенс»-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд.

Дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг заданд”.

Иқтибоси мазкур чӣ будани ҳолро нишон медиҳад. Дар ин гуна иғвои сарҳадӣ хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба назар нарасидааст, аммо одоби ҳамсоядорӣ рияо нагаштааст.

Дар ин баёния ҷониби Тоҷикистон чунин эълон дошт: “Боиси нигаронӣ аст, ки вақтҳои охир аз тарафи шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон истифодаи камони шикорӣ тамоюл ба афзоиш оварда, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Аз ҷумла, 29-уми декабри соли 2019 сокини деҳаи Сомониён Сафарова Т. ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифт.

Бинобар ин, тарафи Тоҷикистон изҳор менамояд, ки дар сурати такрор шудани ҳолатҳои мазкур тамоми масъулият ба дӯши мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя хоҳад буд».

Замоне мерасад, ки хати сарҳад ба таври мушаххас аниқ мегардад, он гаҳ қирғизҳо, ки дар нуқтаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, чӣ тавр ба рўи ҳамсоягони худ нигоҳ мекунанд? Ҳурмати ҳамсояву қоидаҳои ҳамсоядориро бояд пос дошт.

И.Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ