Изҳороти Вализода Шоирахон-муаллимаи кафедраи педагогикаи ичтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ
Мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки сулҳу салоҳ, оромиву осоиш ҳукмфармо аст. Гарчанде, ки аз ҷониби шахсони нохалаф ба амнияти мардум борҳо халал меоварад, мардуми дурандешу бонангу номус бо меҳнату шуҷоати худ бар зидди ин нафарони нохалаф мубориза бурда таҳкими сулҳу амониро эмин нигоҳ медоранд.Кишвари мо роҳи ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд. Мо мусалмонем, дину мазҳаб оину фарҳанги худро дорем. Эътиқод ба худо намуда, намоз мехонем, барои мустаҳкам намудани имони худ ҳамаи имконияту шароит дорем. Аз азал бибиҳову модарони мо дар сар рӯймоли шинаму зеборо ба бар мекарданд. Ин ба одоби либоспӯшии шарқии мо хеле хос аст. Одобу ахлоқи шарқиёна,урфу одатҳои гузаштагони худро ҳамчун оинаи поки таърих нигоҳ дошта, дар таҳкиму амнияни кишвар ҳамчун аъзои комилҳуқуқӣ ҷомеъа саҳми арзанда мегузорем.
Ба иғвову бӯҳтонҳои душманони миллат амсоли Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёнаш гуфтани ҳастем, ки Тоҷикистон ватани мо, обу хокаш, дашту кулҳояш, аз мост.
Мо устодону омӯзгорон ҳифзи муқаддасонти кишвар менамоем. Таъриху ҳодисаҳои имрӯзу фардои миллатро барои шогирдон баён намуда, адолатро дар қалби ҳар яки онҳо ҷо менамоем. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлол дар дасти ҳар яки онҳост.
Моро зарур аст, волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем. Содиқона барои ҳимояи волоияти муқаддасоти миллӣ саҳми босазои худро гузорем.