Изҳороти Фармонова Дилрухсор Ҷумабоевна докторанти факултети таърих ва ҳуқуқ
Миллати тоҷик дар арсаи таърих бо офаридани арзишҳои олии маънавӣ ва фикрӣ қудрати созандагии хешро ҳамчун холиқи муҳити комили фарҳангӣ, мероси ғании маданиву адабӣ, илмиву фалсафӣ собит сохтааст. Ин офаридаҳои тоҷикон дар қаламрави таърихи дурударози мавҷудияти ин миллати куҳанбунёд дар сурати китобу рисола, девону баёз, осори хаттиву қаламӣ, ёдгориҳои меъмориву фарҳангӣ, унсурҳои маданияти шаҳрдориву шаҳрсозӣ, ҳайкалтарошиву наққошӣ ва амсоли ин ба зуҳур омада, маҷмааи бонуфузи мероси маънавии тоҷиконро арзи ҳастӣ бахшидаанд. Баҳрабардорӣ аз ин арзишҳои фикриву фарҳангӣ ва маънавӣ рукни муҳими таҳкими анъанаҳои миллӣ ва хештаншиносӣ маҳсуб мешавад, ки ин амр дар меҳвари сиёсати фарҳангсоз ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Фарҳанги халқи тоҷик таърихан бою гуногуншакл буда, дар тўли ҳазорсолаҳо ривоҷу равнақ ёфтааст. Вусъати босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ, шаклҳои дар тўли асрҳо ташаккулёфтаи мероси фарҳангиро аз байн мебарад. Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон побарҷост ва қисми таркибии фарҳанги муосир маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик дорои суннатҳои бой буда, аксарияташ ҳанўз ба расмият дароварда нашудааст.
Баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон мардум имконият пайдо карданд, ки бемамониат ба кишварҳои дигар сафар намоянд. Бо анъана ва расму ойинҳои халқиятҳои гуногун аз наздик шинос шаванд. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин имконот истифода бурда, ба тарзи либоспўшии он халқиятҳое, ки хоси миллати мо нест, пайравӣ мекунанд.
Воқеан сару либос яке аз ҷузҳои фарҳанги миллии ҳар як халқ маҳсуб ёфта, тартиби пўшидан ва ороиши он маърифати хосаи умумиинсонӣ, динӣ ва милливу этникиро тақозо мекунад. Агар ин масъала дар замони на чандон дур фақат ҳамчун танпўш эътироф карда мешуд, дар замони муосир бошад, он то ба дараҷаи бархўрди тамаддунҳо, зиддияти мафкуравии диниву миллӣ боло рафтааст. Аз ин лиҳоз, масъалаи мазкур имрўз дар мадди назари давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, то ба сатҳи стратегияи давлатӣ бардошта шудааст. Дар Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои пасошўравӣ чун Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Қазоқистон пушидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатии соҳаи маориф ва идоракунӣ манъ карда шудааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки маҳдудият гузоштан ба пушидани сару либоси бегона, алалхусус, ҳиҷоб ин маънои гузаштан ба фарҳанги урёнро надорад. Вақтҳои охир пўшидани либоси аврупоии нимбараҳна низ ба амнияти фарҳанги миллии мо таҳдид мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки маърифати либоспўшии омирона имрўз дар фарҳанги давлатҳои муосир мавриди таҳлили дақиқ қарор дорад.
Имрӯз аз он сарфарозем, ки мардуми мо бо шарофати ақлу заковат ва хиради азали ба дастовардҳои азиме ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, шинохти ҷавҳари таърих, пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ комёб гашта, зина ба зина ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ роҳпаймоӣ менамояд ва обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ чун як ҷузъи ҷудонашавандаи башарият бақову пойдор мегардад, ки дар ин ҷода хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст.
Касе, ки арҷгузори миллати хеш аст ва анъанаҳои миллӣ барояш азиз аст, ҳаргиз ба расму ойини ба халқи худ бегона рў намеорад ва ҳамеша баҳри пойдории фарҳанги ниёгонаш кўшиш менамояд.
Мутаассифона дар баробари рушди фарҳангу анъанаҳои миллӣ имруз ҷомеаи мо ба фарҳангимардуми дигар сахт таваҷҷўҳ намудааст. Ба фарҳанги кишварҳои ғайр, фарҳанги хориҷӣ аз сару либос, суруду мусиқӣ то хӯрду хўрок… Ҳол он ки мо худ фарҳанги бой дорем. Масалан, сару либоси миллии тоҷикона назири атлас ва чакан хеле зебову мунаққашанд. Барои мардуми мо пўшидани сару либоси ғайр беҳтар менамояд ва аз либоси миллии хоси фарҳанги тоҷикӣ дида, либосҳои аврупоиву эрониро тарҷеҳ медиҳем. Бешак ин бохти фарҳанги миллӣ ва зарба ба он аст. Шояд як қадам мондан ба сўи нестист.
Либоси аврупоӣ, ки ба фарҳанги тоҷикона рост намеояд ва либоси сиёҳ, ки ба ҷуз чашм ҳама ҷойи соҳибашонро маҳкам кардаанд имрўз ҷойи либоси миллии халқи тоҷикро бо дасти худи мо танг карда истодаанд. Гулчин кардани фарҳанги дигарон агар бар зарар набошад, ҷоиз аст. Вале агар мо ин бегонапарастиро кам накунем, агар мо ба ҷойи либоси хориҷӣ ба сару либоси худ аҳамияти ҷиддитар надиҳем, муди хориҷӣ дар ватани мо паҳн мешавад ва баъд аз 50-100 сол аз он фарҳанги ғаниву он либосҳои хушдўхту зебо осоре нахоҳад монд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тоҷикон дар марзи Осиёи Марказӣ ягона миллат ҳастанд, ки либоси урфии хешро маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои миллӣ доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпўш набуданд. Сиёҳӣ барои халқи тоҷик торикӣ, бадбахтист маҳсуб меёфт. Аз таърих огаҳӣ дорем, ки шўришгарони тоҷик бар зидди истилогарони араб, ки сар то по сиёҳпўш буданд, баромада, баръакси онҳо сафедпўш шуданд ва худро «Сафедҷомагон» номиданд.
Имрўз мо бояд аз ояндаи наслҳои баъдӣ андеша намоем. Мо ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бовар дорем ва доимо баҳри ободиву оромии Ватани азизамон ва ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллии ниёгонамон ҳама якҷоя хизмат менамоем.