Терроризм – мафҳуми хатарзо дар ҷомеа

Терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон домангустурда аст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногунзоҳир месозад.

Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, аз шумори Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд, ин нерўи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд.

Дар асоси маълумоти коршиносони мўътамад дар ҷаҳон беш аз 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, ки бештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) фаъолият мекунанд. Дар кишварҳои мусалмонии Сурия ва Ироқ ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли бераҳмонаи оммавӣ даст зада истодааанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст.

Имрўзҳо аз тариқи расонаҳо сабту наворҳое паҳн мешаванд, ки террористони беаслу насаб кўдакону наврасонро низ ба гуруҳҳои худ шомил месозанд, истифодаи силоҳ, куштану сўзонидани одамон ва тарконидани биноҳо ба онҳо меомўзанд. Ин навъ хатарҳо ба вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавӣва ҷисмонии чунин табақаи бонуфузи ҷамъият оварда мерасонад.

Аз ин рў, қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, инчунин бетаҷрибагии насли рў ба камол боис мешавад, ки террористон нерўи онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Бо назардошти вазъи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашаванд ва ба қадри сулҳу ваҳдат, оромиву субот ва осоишагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд.

Б.Раҷабов номзади илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ