​Гургро хосият бидридан аст

Мутаассифона, зуҳуроти номатлуб - терроризм ва ифротгароӣ дар баробари дигар кишварҳо ба Тоҷикистони мо низ таҳдид мекунад ва ҷавонони гумроҳ ба ин равияҳо ҷалб гашта истодаанд. Дар ноором кардани фазои ороми мамлакат саҳми собиқ аъзоёни ҳизби наҳзат аз ҷумла роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ калон буда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд вазъияти кишварамонро ба ҷанг табдил диҳанд. Муҳиддин Кабирӣ ягон рӯзе набошад, ки ором нишинаду аз корҳои хатояш даст кашаду аз Худованд пӯзиш талаб намояд. Баръакси ҳол ӯ бозичи дасти хоҷагонаш шуда, дурӯғҳои нав ба нав мебофад. Табрикоти солинавии ӯ як амали дигари хиёнаткоронае мебошад, ки ба манфиати ҷомеа нест. Ин масъаларо мардуми соҳибмаърифати мо дарк намуда, бояд фирефтаи ҳилаву макри душманони миллат, хоинони бадният нашаванд. Ҳар кас, ки соҳиби ақлу фиросат аст, мақсадҳои ташкили ҳамоишу барангехтани мардумро мефаҳмад. Албатта, нақшаву ниятҳои мардуми разил, ки аз нотавонбинӣ халалдор кардани оромиву осоиштагии Тоҷикистони азиз аст, ба зудӣ ошкор гашта, мувофиқи қонун ҷазо мегиранд. Инсонҳои бадгуҳар дар тамоми давру замон буданду ҳастанд ва танҳо хиради ашхоси соҳибмаърифат метавонад боздорандаи қасди шуми онҳо шавад:

Гургро худ хосият бидридан аст,

Ин ҳасад дар халқ охир равшан аст.

Барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз ҳар як нафари зиёӣ, ҳар шахси соҳибақлу соҳибвиҷдон бояд ҳамеша омода бошад ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намояд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин кунад ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Ба роҳи тайкардаи ҷумҳурии соҳибистиқлол назар афканда, ба ифтихор метавон ёдовар шуд, ки он оғози марҳалаи нави таърихи кишвар, марҳалаи бунёдкоруву созандагӣ гардид. Сарфи назар аз ҳамаи мушкилоти давраи гузариш муддати начандон тўлонии Истиқлолиятро бо камоли итминону ифтихор авҷи худшиносӣ ва бедории миллии тоҷикон метавон номид. Мо ҷавононро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар ҳушёр бошем, фирефтаи фиреби душманони хориҷӣ нагардем,аз фаъолияти нопоки ҳизбу ҳаракатҳои гуногун огоҳ гардем ва шукронаи соҳибистиқлолии кишвари азизро кунем. Беҳтарину бузургтарин фарзандони халқро пайравӣ намуда, барои пешрафту шукуфоии он саҳми муносиб гузорем.

С.С. Аскарова

магистранти курси 1

ихтисоси “Кори бонкӣ”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ