Сафсатаҳои Салимпур барои ки лозим аст? (Изҳороти унвонҷўёни ҷавон ДДХ)
Мирзои Салимпур кист ва чи мехоҳад? Ин суол имрўз байни ҷомеаи ҷавонон бисёр садо медиҳад.Посухи ҳама қариб ки як хел садо медиҳад: Инсонест, ки аз миллату давлати худ норозист ва кўшиш дорад, ки бо сафсатаҳои худ халқи тоҷикро байни мардуми дигар сиёҳ намояду ҳамчун мардуми бефарҳангу дур аз илму дониш ба намоиш орад. Вале магар нафаре, ки зидди халқи меҳнаткаш, мардуми бонангу ор мебарояд ба мақсади нопоки худ мерасад. Ҳаргиз не!!!
Саффасатаҳои Мирзои Салимпур симои ўро бештар манфуру зишт намудор карда истодаанд. Имрўз мардуми тоҷик аз чунин шахси дурўяву тамаллуқҷў ба танг омадаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороту вокунишҳои мардуми гуногунсиннусолро мебинему ба ҳайрат меоем, кичи андоза нисбати ў нафрату адаоват доранд. Ҳатто наздиктарин ашхос, ҳамхуни ў додараш аз рафторҳои ношоистааш дар шигифт асту ўро «оқ» кардааст. Магар шармандагӣ аз ин зиёд мешавад? Устоде, ки ба ў сабақ омўхтаасту ба қавле дасташро рост намудааст, аз ў норозист.Ба ў лаънату нафрат мехонад.
Мо чавонони Донишгоҳ ба Мирзои Салимпур муроҷиат карда мегўем: «Эй нафратзадаи мардум ту хоин бояд бидонӣ, киба сафсатаи ту барин ашхос ҷавонони бонангу номуси миллат ҳеҷ гоҳ аҳамияте зоҳир наменамоянд, баръакс бештар барои ободии Ватани хеш кўшиш менамоянд. Эй Мирзои Салимпур оҳиста, санҷидаву андешида сухан бигў, мардумро ба шўр наандоз. Аз нафрату наълати халқи хеш, миллати хеш бипарҳез!!»