Дар Facebook «фермаи ҷавоб» вуҷуд надорад…
Сардабири сомонаи «Ахбор» Мирзои Салимпур оиди зери фишор қарор гирифтани худ ва сомонааш изҳори нигаронӣ карда, ҳамаи изҳороту мақолаҳои ба номаш навишташударо тӯҳмат хонадааст. Инчунин ӯ афзудааст, ки шабакаи иҷтимоии Facebook ба минбари асосии «фермаи ҷавоб» табдил ёфтааст. Гӯё ки мардум изҳороту вокунишҳои худро бар зидди ӯ ва сомонааш таҳти фишор ё маслиҳати кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ менависанд. Лекин бояд тазаккур дод, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ягон «фермаи ҷавоб» мавҷуд нест. Албатта истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Facebook бидуни ягон дахолат оиди ин ё он масъала метавонанд мавқеи шаҳрвандии худро баён созанд.
Мутаасифона имрӯз баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа умр ба сар мебаранд ва худро ба гурӯҳҳои мухталифи мухолифин ворид месозанд, ақида доранд, ки гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон пурра дар зери назорати мақомотҳои дахлдор қарор доранд ва бидуни ишораи онҳо наметавонанд мавқеи худро оиди ин ё он масъала баён сохта бошанд. Чунин фикрронӣ нодуруст аст. Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикисон итминони комил доранд, ки ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои фароҳам овардани шарту шароити мусоиди зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои вай равона гардидаанд. Паст рафтани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (29% - и аҳолӣ) ва афзоиши босуръати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ далели ин гуфтаҳоянд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир Тоҷикистон дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Вале ҳамагон воқифанд, ки таъмини рушди устувори ҷомеа бидуни бунёди фазои сулҳ ва оромӣ имконпазир буд. Мутаасифона, ҳанӯз дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтод, ки хатари аз байн рафтани давлатро овард. Аз ин лиҳоз, мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки ҷангу нооромиҳо ба харобиҳо оварда расонида, барои паст рафтани сатҳи зиндагонии онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар медонад, ки мо тоҷикистониён дар муттаҳидӣ як қувваи бузург буда, метавонем саҳми арзандаи худро дар пешрафту гул-гулшукуфоии давлату миллати азизамон гузошта бошем.