​Ислом – дини сулҳу субот

Сулҳу осоиш барои ҳар ҷамъият зарур аст. Новобаста аз он, кичи гуна эътиқодӣ динӣ дорад.Сулҳу суботзарур аст барои ҳам аҳли дин ва ҳам онҳое, ки ҳеч гуна эътиқодӣ дар қалбҳояшон надоранд. Инчунин, дар замони муосир дин ҳамчун як навъи ниҳоят гаронмояи шуури ҷомеа дар таъмини сулҳу осудагӣ ва амнияти суботи сиёсиву иҷтимои нақши бузург дорад. Сулҳу оромӣ неъматест, ки маҳсули он бахту иқболи баланд, бараксион – парокандагӣ ва адами меҳру муҳаббати инсонӣ мебошад ёки аниқтараш, хоҳем дид, ки давлатҳое, ки ба ҷанг, зӯроварӣ ва ихтилофоти иҷтимоӣ майл доранд дар асл ба мақсадҳояшон намерасанд.

Дин яке шохаҳои муҳими фарҳанг мебошад, ки дарҳама вақту замон ва макон дар ҷомеа нақши асосӣ мафкуравиро мебозад. Дар тарбияи маънавию ахлоқии инсон эътиқоди динии солеҳ таъсири калон дорад , масалан, инсоф ва адолат, парҳезгорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, мурувват ба эҳтиёҷмандон, арҷгузории урфу анъанаҳои миллӣ, қарзи фарзандӣ дар назди волидон ва қарзи волидайн нисбати фарзандонро ҳамчун арзишҳои миллӣ мешиносем. Зеро, инҳо талабҳои ахлоқии динӣ мебошад. Дини мубини Ислом тӯли 1400 сол ба ҳайси дастури зиндагии ибратомӯз барои инсоният хизмат кардааст ва имрӯз низ рисолати аслии хешро иҷро мекунад. Дини тавҳидии ислом таҷрибаи ғановатмандӣ дорад, ки то имрӯз нақши муҳими худро нигаҳ доштааст ва ҳамчун дастурамал барои ҷомеаи ҷаҳон хизмат мекунад.

Дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад, ки дар ҷомеаи муосир аз кофеъ набудани маърифати динӣ ба тарғибу ташвиқи ақоиди бегонаи мазҳабӣ даст мезананд. Чунин гурӯҳҳо хосатан дар байни ҷавонон фаъолият мебаранд. Таассуб кардан ба мазҳабҳои бегона, майлон шудан ба хурофотҳои динӣ,паст шуморидани эҳсоси мазҳабии пайравони динҳои дигар омилҳое мебошанд, ки ҷавҳари динҳоро вайрон сохта, моҳияташонро иваз намудаанд. Ҳамаи стратегияи исломӣ барои хушбахтии инсон ва пешрафти зиндагии моддию маънавии он равона шудааст.

Н. Ҷӯраева,

омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ