​Густариши равобити донишгоҳ бо муассисаҳои олии хориҷ

Имрӯз, сеюми май, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ректори Донишгоҳи давлатии Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, профессор Абдуваҳҳоб Зулфиевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот, тарафҳо аз густариши равобити судманди дуҷониба дар самтҳои илму инноватсия, таълим ва дигар ҷанбаҳои фаъолият изҳори хушнудӣ намуданд.

Ҷонибҳо зикр доштанд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ минбаъд низ чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, интишори маҷмӯаҳои илмиву методӣ, мубодилаи таҷрибаи педагогии устодону донишҷӯёнророҳандозӣ менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ваДонишгоҳи давлатии Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ имзо гашт, ки дар асоси он чорабиниҳои илмиву методии устодони ин ду муассисаи олӣ мунтазам баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ