Салимпур бадхоҳи халқу миллати мост!
Чуноне аз сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ бармеояд дар сомонаи иттилоотии“Ахбор ком” Мирзо Салимпур як шахси бадхоҳи халқу миллат бо навиштаҳои беасосу бардурӯғу ғайбатноки худ нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолати кишвар мехоҳад оромӣ ва сулҳу суботи кишварро ноором сохта, мардумро ба доми фиреби худ кашад.
Аз он иғвоҳое, ки ӯ паҳн менамояд саволе ба миён меояд, ки ин Мирзо Салимпур худ кист ва барои чи ин қадар нафрату бадбинӣ нисбати халқу кишвараш дорад? Ва дар хориҷ истода аз куҷо вазъи кишварро медонад? Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ саги маблағгузорони хориҷии худ гардидааст ва барои иншои ҳар як сару садоҳои бардурӯғу беасосаш нисбат ба ҳокимияти давлатӣ маблағ мегирад. Хориҷиён аз ин гуна шахсони гумроҳшаванда, ки ба мушкилиҳо дучор гардидаанд ва сарсону саргардон дар давлатҳои хориҷаанд истифода бурда истодааст. Ва яке аз чунин роҳгумзадагон Мирзо Салимпур аст, ки ба пули хоҷаи хориҷии худ фирефта гардидааст. Сомонаи “Ахбор. ком” аз замони ба фаъолият оғоз намуданашто кунун маҳз бо нашр намудани хабарҳои бардурӯғ машғул аст. Он танҳо барои танқиди давлат ва фаъолияти сарвари кишвар равона гардида, аз хабарҳои худ дар байни ҷомеа воҳима андохтани асту бас.
Барои ҳамин мо ҷомеаи кишвари маҳбуби Тоҷикистон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Ба чунин фиребҳои бардуруғу беасос дода нашавем.
Устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ