​Пешвои миллат – ифтихори мо ҷавонон

Дар хобгоҳи №9-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мулоқоти ҳайати маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” таҳти унвони “Пешвои миллат – ифтихори мо ҷавонон” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” доир гашта, иштирокдорон оид ба нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи давлатдории навини тоҷикон ва роҷеъ ба гиромидошти фарҳанги миллӣ, масоили баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки ҷавонон ҷавобан ба дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бештар ҷидду ҷаҳд намуда, саҳми арзандаи хешро гузошта бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ