Тоҷикистон ба ҳар савол ҷавобаш омода аст.
Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд.
Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол зиндагӣ кунад.
Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Акнун ки Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ обрўву нуфуз пайдо кардааст ва онро рўз то рўз вусъат бахшида истодааст, боз ҳам ҳамон шахсоне, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, баромад карда истодаанд.Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳои узви ин созмонҳо тамоми вазифаҳоро вобаста ба таъмини сулҳу осоиштагӣ, ки яке аз омилҳои асосии СММ мебошад ва инчунин барномаҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризму эстремизм ҳастанд, иҷро намуда истодааст, ки ин дар машваратҳои сатҳи болоӣ бо иштироки сарварони давлатҳо гузаронида мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, дастгирии худро ёфта истодааст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин ҷода мо мутахассисони ба сатҳи байналхалқӣ ҷавобгў дорем, ки онҳо бевосита метавонанд ба тамоми саволҳое, ки аз тарафи мутахассисони ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ дода мешаванд, ҷавоб диҳанд (дар ҳолате, ки ин дар талаботҳои ҳуқуқи байналхалқӣ оварда шуда бошад). Зеро ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари дигар давлатҳо хуқуқҳои якхела дорад.
Инчунин бояд қайд кард, ки ба ғайр аз мутахассисони ин соҳа дигарон ҳуқуқи посухгўи надоранд, ки аз онҳо пурсанду онҳо ҷавоб диҳанд. Зеро дар хориҷ нишаста ягон хатогии (дар ҳолате, ки ба ин хатогӣ роҳ дода шуда бошад) намояндагони ватани хешро дида боз онро дар назди ҷомеаи байналхалқӣ тасхир кардан аз рўи инсонигарӣ нест.
Барои ҳамин ҳам мо гуфта метавонем, ки Тоҷикистон ба ин гапҳои беасос аҳамияте намедиҳад, зеро ки мақоми ватанпарастиву ифтихори миллии шаҳрвандонаш бо дарстгирии Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомотҳо дар андешидани масъулияти ватандориву риояи қоидаву қонунҳои дохиливу берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад.