Рӯноманигори берӯзнома
Воситаҳои ахбори умум воқеан ҳам таҷассумгари ҳақиқати воқеӣ бояд бошанд. Чунки ахборе, ки ба василаи онҳо мунташир мегарданд, дастраси омма гардида, дар ташаккули худшиносиву ҷаҳонбинии онон хизмат менамоянд…
Ахбори муғризонаву иттиҳомотӣ мақоми ВАО-ро назди ҷамъият паст мезанад. ВАО бояд қабл аз он ки ин ё он маводро манзури омма гардонад, бояд маълумоти меҳварии онро дақиқ бисанҷад, огоҳ бошад, ки баъди пахши он чӣ оқибатҳоро рӯи кор меорад. ВАО бояд холис бошад назди ҳама гуна мақомоту қувваҳо, дар зери фишор набояд қарор гирад, ба ҳама рӯйдод холисона баҳо диҳад, нақдро барои комёбӣ пеша намояд на барои бӯҳтону мунофиқӣ. Дар сурати росту ҳақиқӣ будани маълумот, агарчи хусусияти танқидӣ дошта бошад ҳам, касе аз он нахоҳад ранҷид ва ягон мақомот низ ба он эътироз баён нахоҳад кард.
Худи алоқамандони ВАО низ зери ягон фишор қарор нахоҳанд гирифт ва нисбати фаъолияташон ҳам норозигӣ ба вуҷуд нахоҳад омад. Миссияи онон поймол нахоҳад шуд ва кодекси ахлоқиаш низ поймол нахоҳад гардид, аз он ки «ростро завол нест».
Изҳороти устодони кафедраи тиббӣ-биология