​Дарси кушоди судманд дар факултети биология ва химия

Дар факултети биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дарси кушоди мудири кафедраи тиббӣ-биологӣ, дотсент Мақсадой Обидова таҳти унвони “Ҳалли масъалаҳо оид ба қонунияти Грегор Мендел” бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ ва устодон гузаронида шуд.

Дарс бо усули салоҳиятнокӣ ташкил шуда, усулҳои фаъоли таълим бо маҳорати баланди касбӣ истифода гардид. Донишҷӯён дар рафти дарс фаъолона ширкат варзида, доир ба мавзӯи фавқуззикр байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷамъбаст, устодон ба маҳорати педагогии дотсент Мақсадой Обидова баҳои баландро сазовор дониста, баргузории дарси кушоди мазкурро баҳри омӯзиши нозикиҳои касбӣ ва фаъолияти минбаъдаи донишҷӯён муфид арзёбӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ