​Роҳ ба дилҳо

Аз қадимулайём ниёгони мо вобаста ба ҳурмати ёру рафиқ, дӯсту бародар, хешу ақрабо андарзҳои ҷаҳоние баён доштаанд ва дар ин гуфторҳои ҷаҳонӣ ҳаққи ҳамсоягӣ низ мавқеи хоссаи худро пайдо кардааст.Дар урфият такя бар андарзҳои бузургон мегӯянд, ки “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар” ё ин ки “Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст”, ки ҳақ асту рост.

Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсарҳади худ алоқаи хешу ақрабоӣ дорад. Мо дар қаламрави ватани худ оилаҳоеро вомехӯрем, ки аз миллатҳои тоҷику ӯзбек, тоҷику афғон, тоҷику қирғиз, тоҷику рус ва дигарҳо бунёд шудаанд. Муносибат дар ин оилаҳо хеле иттифоқона аст. Дар хиёбону гулгаштҳогурӯҳи оилаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки сайр доранд. Онҳо ба дидори якдигар ба кишварҳои ҳамсоя меоянд. Соҳибони манзилҳо меҳмондориашон мекунанд, ба сайри ҷойҳои тамошобоб мебаранд ва ин васила дӯстигарии оилаҳо ва аз ҳама муҳим – дӯстигарии халқҳо мустаҳкамтар мегардад. Ин ҳама хушдилӣ аз муносибатҳои дӯстонаву меҳрубононаи давлатҳои ҳамсоя сарчашма мегирад.

Вақтҳои охир дар баъзе минтақаҳои наздисарҳадӣ аз он ҷумла дар минтақаи Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон байни аҳолӣ ҳамдигарнофаҳмиҳо сар зада истодааст, ки сабаби коста гардидани муносибати байни давлатҳо шуданаш мумкин буд. Вале, хушбахтона Президентони оқилу дурандеши ин ду кишвари бародар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сооронбой Жээнбеков айни вақт лаҷоми вазъиятро ба даст гирифта баҳри пойдории дӯстии ин ду кишвар қадамҳои мустаҳкам гузоштанд. Онҳо хеле ташаббуси оқилона нишон доданд, ки аҳолии ин ду кишварро дар як ҷо ҷамъ карда вазъиятро ба саҳмашон расониданд. Умедворӣ меравад, ки пас аз чунин корбариҳо аҳолии ҳар ду кишвар, ки дар сарҳад зиндагӣ доранд, ҳамон анъанаҳои дӯстигариро ба инобат гирифта, баҳри пойдориидӯстии халқҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва садсолаҳои дигар он роҳи дӯстӣ аз дилҳо гузашта ба ҳар ду миллати бародар хизмат мекунад.

Сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳи информатика Дадоҷонов Бобоҷон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ