​Вокуниш ба номаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ҳамчун сархатиби вилояти Суғд ва олими тавоно дар ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни шаҳрвандон, хосатан ҷавонон, дар тарғиби ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ саҳми бориз доранд.

Санаи 6 январи соли 2019 номаи Ҳ.Мӯсозода оид ба табрикоти солинавии Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ба Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Кабириро ба «буқаламун» шабоҳад медиҳад. Дар ҳақиқат шахсе, ки дар Эрон зиндагӣ мекунад, худашро интоаткори шариати дини ислом мешуморад, ба Ватани худ хиёнат мекунад, бок адом мантиқ Президенти кишварамонро бо соли нав табрик мекунад?

Ин рафтори ӯ аз дурӯягӣ ва надоштани мавкеи ягонаи Кабирӣ шаҳодат медиҳад. Мӯсозода дуруст ишора дорад, ки «Инсони дарбадар ба ҳар кӯча медарояд, барои манфаати худ ҳатто ватану миллати худро мефурӯшад. Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Аврупо зиндагонии муҳоҷирона дораду бо баъзе ташкилотҳое, ки нисбат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик ниятҳои муғризона доранд, хидмат мекунад…

Дар хулоса ҳаминро бояд кайд кард, ки инсон пеш аз ҳама набояд ба Ватани худ хиёнат кунад ва хосатан мард мавқеи ягонаро бояд дошт. Ин рафтори Кабирӣ М. дурӯягӣ ва худнишондиҳӣ ҳасту халос!!!

Шарифов М. – омӯзгори кафедраи Таърихи Ватан ва археологияи

факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ