​Қадру қимат аз иродаву матонат !

Хеле рамзист, ки дар санаи муҳими давлатӣ – таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мавриди истифода қарор дода шуд. Зеро, дар қатори дигар дастовардҳои даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон тавонист, ки иншооти бузурги асри ХXI – ро, ки мислашро ҷаҳон надидааст, амалӣ намояд. Расидан ба ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти комили энергетикии кишвар барои халқи тоҷик музаффарияти беназир аст. 10 – 15 сол пештар, ки дар бораи бунёи НБО Роғун сухан мерафт мардуми ҷаҳон ва қисман мардуми Тоҷикистон низ ин амалро ғайриимкон мепиндошт. Танҳо роҳбарияти олии Тоҷикистон дар симои Пешвои муаззами миллат бо истодагирию матонад ва иродаи қавӣ бо сиёсати пайгирона имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, маънавӣ ва ғайраро пайдо намуда барои расидан ба ин рӯзи муборак пайваста талош менамуданд. Бунёди ин иншоот дар қатори беҳтар шудани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ инъикоси бараълои бузургии миллати тоҷик аст, ки муваффақ гардид, ки мутахассисони соҳибкасби баландихтисосро тарбия намояд. Чӣ тавре, ки аз манбаҳои гуногун маълум гардид, баландии сарбанди НБО – и Роғун 335 метр баробар буда дар ҷаҳон назир надорад. Умуман, бунёд намудани сарбанди неругоҳ бидуни истифодаи семент ва маҳсулоти он, яъне сохтмони сарбанд бо сангу шағал аз ҷиҳати экологӣ амали некбинона буда ба ҳифзи захираҳои табиӣ алоқаманд аст. Пайдо гаштани обанборе, ки ҳаҷми бузурги обро ҷамъ менамояд, барои мунтазам таъмин намудани заминҳои корами Ҷумҳурияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон хеле муҳим аст.Танҳо ин обанбор имкон медиҳад, ки сатҳи обрасонии зиёда аз 1 миллион гектар заминҳои корами обӣ беҳтар гардида бар замми он зиёда аз 300 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд ва шодоб карда шаванд. Итминони комил дорем, ки тавассути бунёди обанбор дар минтақаи баландкӯҳ экосистемаи кӯҳсор ба самти мусбат тағйир ёфта ин маконро ба минтақаи ҷаззобу ҷолиби диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мубаддал месозад.

Ҳангоми ҷараёни ба истифодадиҳии агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун тамоми сокинони Тоҷикистони азиз бо дили пур аз шодию фараҳ шукронаи даврони Истиқлолияти давлатӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, ифтихор аз мардуми заҳматдӯсту меҳнатқарин намуда изҳор мекарданд, ки ҳақиқатан биҳишти ин даврон будани Ватанашон бори дигар тасдиқи худро ёфт. Зеро, танҳо мамлакате, ки халқаш муттаҳиду сарвараш оқилу одил, мардумаш меҳнатдӯсту роҳбаронаш бо иродаву матонад метавонад чунин иншооти беназири техникиро бунёд намояд.

Бо рӯҳияи баланди ватанпарварӣ изҳор менамоем, ки бунёди нерӯгоҳ амали комили экологӣ буда барои боз ҳам зебову обод гардонидани табиати кишвар саҳмгузор мешавад ва мо мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист метавонем кишвари биҳиштосои худро бо ин иншооти бузургаш бо фахр ба хориҷиён муаррифӣ намоем.

Поянда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон !!!

Аҳсант ба мардуми соҳибтамаддуни Ватан !!!

Шукронаи сарвари хирадманду оқил, одилу дурандеш, ватандӯсту содиқпешаи Тоҷикистон !!!

Собиров М.С.- мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати “МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Дадобоев М.А. – муовини декани факултети геоэкология “МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” оид ба корҳои тарбиявӣ, сармуаллим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ