Тоҷикистон давлати дунявӣ аст
Мувофиқи маълумоти баъзе аз расонаҳои хабарӣ санаи 18-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бо ширкати намояндагони тамоми идораҳои давлативу хусусӣ ташкил гардидааст, ки мақсади асосии он баррасии лоиҳаи қонун дар бораи маҳдуд намудани рӯймолпӯшӣ ва гирифтани ҳиҷоб барои занҳо ва духтарон будааст. Албатта ин вазъият барои ашхосе, ки худро зидди ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон меҳисобанд, имконият дод, ки бори дигар оиди риоя нашудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд дар кишвари мо сухан ронда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф ба шабакаи Интернет изҳороте, ки дар он фикру ақидаҳои ба ном «коршиносонон» Абдуманон Шералиев ва Файзинисо Воҳидова дарҷ гардидааст, ҷой дода шудааст. Онҳо аз чунин ҳолат изҳори нагаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин амал на танҳо зиддиконститутсионӣ, балки зиддидинӣ ва зиддиинсонӣ аст.
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки имрӯз новобаста аз фикру ақидаҳои танқидии баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа умр ба сар мебаранд, Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба мутараққӣ, ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаббускор мешиносанд. Воқеан давлат ба масъалаи эътиқоди шаҳрванд ба ин ё он дин халалдор намешавад, баръакс барои инкишофи маънавии инсон мусоидат намуда истодааст. Бунёди масҷид дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки аз ҷиҳати масоҳат аз ҳама калонтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд, далели гуфтаҳои болоянд. Илова бар ин, ҳанӯз 26-уми марти соли 2009 таҳти №489 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»[1] қабул гардида, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, ки заминаи муҳим барои эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод гузошт.
Бе шубҳа дини муқтадири Ислом яке аз динҳои маъмултарин, адолатнок ва инсонпарвар аст, ки ба он имрӯз дар ҷаҳон наздик ба 2 млрд нафар инсон этиқод доранд.Лекин барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ бо истифода аз дин комилан нодуруст аст, зеро ки дар давлатҳои дунявӣ дин ва давлат аз ҳамдигар ҷудо буда, ба корҳои якдигар бояд дахолат накунанд.
Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд.
Холдоров Ойбек - сармуаллими
кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ