​Изҳороти устодони кафедраи кафедраи педагогикаи ичтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ

Оид ба ташаккул ва мустаҳкам намудани тамоюли мусбии арзишҳо дар байни духтарон ва занон, беҳтар кардани кор дар мактаб ва оила, зиёд намудани масъулияти мактаб ва оила нисбати тарбияи фарзандон, мо зиёиён ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат қарор дорем. Аз санаи 3 марти соли 2006 №94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд, ки мақсади онҳо ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.

Масъалаи муҳиме, ки дар ҷомъеаи мо қарор дорад, ин ҳуруфотпарастӣ ва сатрпӯшии занону духтарон аст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, пешгирии ҳуруфотпарастӣ ва сатрпӯшии занону духтарон дар факултети педагогикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров байни донишҷӯй-духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мегардад. Мо устодон аз таъриху маънавиёти гузаштаи худ ҷавонондухтаронро огоҳ менамоем. Чун замони пешрафту тараққиёти илму техника бо суррат тараққӣ мекунад вазифа ва ӯҳдадории ҳар як зан модар тарғиби урфу одати мардуми бегона набуда, дар самти донишандӯзӣ ва тарбияи фарзандони бонангу номуси ватан аст.

Мо мусалмонем, дину мазҳаб оину фарҳанги худро дорем. Эътиқод ба худо намуда, намоз мехонем, барои мустаҳкам намудани имони худ ҳамаи имконияту шароит дорем. Аз азал бибиҳову модарони мо дар сар рӯймоли шинаму зеборо ба бар мекарданд. Ин ба одоби либоспӯшии шарқии мо хеле хос аст.

Бинобар ин мо занону духтаронро мебояд ба фарҳанги либоспӯшии худ аҳмият дода, аз тақлид ба ҳуруфотпарастӣ ва сатрпӯшӣ худдорӣ намоем, бештар барои гирифтани илми замона, тарбия намудани фарзандони солим мусоидат намоем.

Зеро бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон ва заковату кордонии мардуми бо фарҳанги тоҷикба имрӯз мушарраф гаштем.

Мо устодон ҳазар аз рӯзҳои ҷанги хунин дорем. Шукронаи истиқлолияти кишварро намуда, баҳри бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ баланд бардоштани маънавиёти ҷавонону наврасон содиқона хизмат мекунем. Ҷонибдори осмони софу беғубор, зиндагии орому осудаи ватани маҳбубамонро дорем. Нест бод ҷанги хунин! Поянда бод сулҳи кишвар!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ