​Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Аз шабакаи сомонаи интернетӣяк мақолаеро, ки дар он оид ба “Наҳзатиҳоро Амрико террорист ҳисобидааст” мутолиа намудем ва огаҳӣ пайдо намудем, ки Амрико Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Ҷумҳурии исломии Эронро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид намудааст. Чуноне, ки худи роҳбари Амрико иттилоъ додааст ташкилотҳои махсусе дар Эрон фаъолият менамоянд, ки маҳз террористони байналҳалқиро аз ҷиҳати моливу пулӣ дастгирӣ менамоянд. Маълум мегардад, ки Амрико ҳамчун яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳони имрӯзахело ҷиддӣ амал намуда, далелҳои раднопазирро ба даст овардааст ва дақиқан пай бурдааст, ки пуштибони терроризми байналхалқӣ маҳз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст. Ин иқдоми Амрико имрӯз барои мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналхалқӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Муҳим он аст, ки ҲНИ ва сомонаҳои ифротӣ ҳамчун зершохаҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эътироф шудаанд ва исбот гардидааст, ки аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ мешаванд.

Бинобар он мо мардуми халқи тоҷик бояд ҳамаҷонибасиёсати пешгирифтаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами кишвари маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои минбаъдбоз ҳам ҷоннок намудани мубориза алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ дар канор набошем!!!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ