​Макри навбатии хоинони давлат

Бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ гуруҳи муттаҳидаи душманони ваҳдату ҳамдилии сокинони кишвар бо ном Паймони миллии Тоҷикистон рӯз аз рӯз фитнаву дассисаҳои нав ба навро пеша доранд. Моҳияти иғвоандозии онҳоро паст кардани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ташкил медиҳад. Ба ин васила онҳо мехоҳанд ба худ дар Тоҷикистон роҳ кушоянд. Наздикшавии интихоботи навбатӣ хоинони кишварро бетафовут гузошта наметавонад. Аз даст додани чунин фурсати муносиб барояшон хатои маҳз маҳсуб меёбад. Рӯй овардан ба масоили пӯшидани ҳиҷоб ин боз як зина барои расидан ба ҳадафи хеш аст. Инсони комил на ба сурат, балки ба сират муайян карда мешавад. Қалби пок, бовиҷдонӣ, имони мустаҳкам, адолатнокӣ, ростқавлӣ, накӯкорӣ, аз ҷумлаи хулқи ҳамидаи инсонӣ аст, на ҳиҷобпӯшиву тақлид ба либоспӯшии аврупоӣ. Эҳтироми урфу одати ниёгон, маданияти онҳо, эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ аз қабили наврӯз, сада, меҳргон, ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани атласу чакан ҳамчун либоси миллӣ тадбирҳои судманд маҳсуб меёбад.

Мо имрӯз бояд аз суратпарастӣ ба сиратпарастӣ гузарем. Ватандӯстӣ ва имони хешро бидуни низоъ ва зоҳирнамоӣ нишон диҳем. Агар қонунҳои давлат ба манфиати халқ ва амнияти ватани азизамон бошад, бигзор риояи онро вазифаи аввалиндараҷаи хеш қарор диҳем. Нагузорем, ки зери ниқоби ислом разилон ба амалҳои номатлуб даст зананд. Мо ҳодисаҳои зиёдеро шоҳид гаштем, ки то имрӯз зери хиҷоб мардум ба чи палидиҳо даст зада истодаанд. Бо ин либос ҳатто мардҳо худро зан вонамуд сохта, ба ҷиноятҳои вазнин даст зада истодаанд. Пас чаро мо бояд, ба ин чашм пӯшем. Бигзор агар ба манфиати халқ бошад, бо роҳи танзими либос ба чунин усули муборизаҳои ғайриқонунӣ хотима бахшем. Ба мизони андеша кашидани ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии ҳар амал ва дар асоси он ба роҳ мондани фаъолият ҳам аз ҷониби исломшиносон, файласуфон, ҳуқуқшиносон ва шоирону нависандагон такрор ба такрор мавриди таъкид қарор мегирад. Чунончи:

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст, каъбаи маънӣ ту гил чӣ пиндорӣ?

Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки имрӯз аз зоҳир дида ба ботин таваҷҷӯхи бештар дошта бошем. Покии қалб, комилии имон, солимии виҷдон шарти зарурии ҳаёти босаодат аст.

Изҳороти кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ