​Диндорӣ ва худшиносӣ – тавъами арзишҳои миллӣ

Вақте, ки фард тавлид меёбаду дар раванди ташаккули ҳаётӣ якҷоя бо дигар урфу одат ва анъанаҳои миллӣ аз волидайни худ хоҳу нохоҳ диндориро низ мерос мегирад. Масалан, фарзанди тавлидёфтаи мусалмон дар аксарияти ҳол дини мубини Исломро мепазирад ва шариати онро риоя мекунад. Ин анъанаи аҷдодиро солҳои тӯлонӣ мушоҳида намуда метавон хулоса кард, ки ин амал ҷанбаи муҳими арзишҳои миллии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар асл пазируфтани дини аҷдодӣ ба инсон бо шири модар ва аллаи ӯ ҳангоми дар гаҳвора будани кӯдак мегузарад. Миллати тоҷик ва тоҷикистониён ифтихор аз он доранд, ки аҷдодонашон дини мубин ва поки Исломро қабул кардаанд. Зеро, дини Ислом ва хусусан мазҳаби суннии ҳанафия таълимоти софу беғубор, нишонаи олии тамаддуни инсониро мепазирад ва талқин менамояд. Тоза нигоҳ доштани макони зист, тани худ, муҳити атроф ва ғайра яке аз ҷиҳатҳои муҳими дини Ислом аст, ки ҳамчун омили тарбияи экологии замири мусалмон эътироф карда мешавад. Дар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои пайғамбарони мусулмонон оид ба ҳифзи Қуръон, риояи меъёрҳои шариати Ислом, муносибати оилавӣ, тарбияи кӯдак, одоби муошират ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа панду насиҳатҳои арзишманд оварда шудааст, ки метавон онҳоро чун манбаи муҳими арзишҳои миллӣ қабул ва маънидод кард. Чунки, эҳтиром ба оила, падару модар, калонсолону пиронсолон, фарзандон, хешу ақрабо ва ғайра яке аз фазилатҳои олии инсонӣ мебошад, ки дини Ислом мавҷудияти ин эҳсосотҳоро дар замири инсон ҳатмӣ меҳисобад.Мавҷудияти чунин талқинҳо ва меъёрҳо, ки арзишҳои гаронмояи миллати тоҷик мебошад, боис гардидааст, ки фарзанд ба падару модари худ боэҳтиромона муошират мекунаду худро вазифадор меҳисобад, ки то дар қайди ҳаёт будани онон дар хизматашон бошад. Ғайр аз он, то давраи ба воя расидани фарзанди ноболиғ падару модар худро вазифадор мешуморанд, ки ӯро бо ғизо таъмин намоянд, маълумоту дониши кофӣ диҳанд, тарбияю одоб омӯзанд, ки анъанаи аҷдодии тоҷикон асту арзиши ногусастании миллат аст. Бинобар ин, ҳар як фарди бо ору номуси тоҷикистониро месазад, ки аз дини поки Ислом ҷанбаҳои тамаддунофарашро риоя намояд ва ба дигарон, аз он ҷумла фарзандони худ таблиғ созад, то ки ҷомеаи Тоҷикистон дар ҷаҳон бо анъанаҳои пурарзиши миллӣ муаррифӣ гардад.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ