Изҳорот
Замони соҳибистиқлолӣ ба мардуми Тоҷикистон, хоса, баҷавонон дари имкониятҳои зиёдро вонамудааст, ки бояд қадри ин осудагиву озодиву сарватҳои маънавӣ ва моддиро бидонист ва сазовори ҳама ин неъматҳои беминнат гардид. Имрӯз чун ҳамагон огоҳанд, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан бар манфиатҳои моддиву маънавии мардум асосгирифта, сарвари мамлакат дар ҳама ҳолат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеш аз ҳама, осудагӣ ва амнияти миллии мардум таъмин бошад, то мардум бо хотири ҷамъ дар бораи зиндагии хушу пешрафта, кашфиётҳо ва дигар намудҳои фаъолият андеша намоянд ва кӯдакони худро бо ҳавсала ва бо мақсадҳои олӣ ба камол расонанд. Амнияти миллӣ дар назари банда фарогири масъалаҳои зиёде мебошад, аз ҷумла, дар зери ин мафҳум, азяк тараф,осудагӣ ва эмин будани мардумаз ҳар хатару хавфи берунафаҳмида шавад, аз ҷонибидигар амну осоиши як миллати бузург аз ҳама гуна хатарҳои маънавӣ, бегонапарастӣ, дуршавӣ аз эътиқоди аҷдодӣ, ноогоҳӣ аз мақому манзалати гузаштагони худ, дониши ҳақиқӣ надоштан,сохтакориву худнамоӣ, гум гаштани беҳтарин расму оинҳо ва фарҳангу ахлоқимиллӣ ва мисли ин чандин ҳолатҳоеро фаҳмидан мумкин аст, ки ба амнияти маънавияти инсонӣ рахна меандозанд.
Дар назари Ҷомӣ омили нахусти инсонӣ ва ҷамъияти солим ин соҳибдониш будан аст, ки шахсро аз хислатҳои зиёди манфӣ бозмедорад:
Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Зи дил сар занад сирри дониш нахуст,
Ки бар дасту по кор гардад дуруст (1, 262).
Дилатро ба донишварӣ дор хуш,
Чу донистӣ, он гоҳ дар кор кӯш.
Дар ҳақиқат, инсоне, ки соҳиби дониш аст ва дорои фарҳанги миллӣ аст, ҳаргиз ғофилона ва гумраҳона ба ҳар гуна тариқи бесамару бадоқибат рӯ намеоварад. Чунон чи имрӯз дар ҷаҳони муосир чандин гурӯҳҳои экстримистӣ, офатҳои нашъамандиву бадахлоқӣ ва мисли ин муаммоҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба рӯҳият, маънавият,эътиқод ва амнияти халқҳои ҷаҳон зарар мерасонанд. Мутаасифона, ин таъсирҳои пуросеби беруна дар кишвари мо низ беасар нест. Ҷавонони зиёди моаз ҷиҳати ноогоҳӣ ва дониши кофӣ надоштан дар мавриди улуми диниву дунявӣ фирефтаи кӯшишҳои бадбинонаиқувваҳои беруна гардидаанд, ки пушаймонии онҳо пас аз даргузашти вақт бесуд хоҳад буд.
Баҳриев Ф, дотсент