​Ҷоизадиҳӣ ё иғвогароӣ...

Ростӣ, пас аз хондани номаи иттилоотии Юнус Бурҳонов кас беихтиёрба ана ҳамин суол посух меҷӯяд.

Ҷоизадиҳӣ ё иғвогароӣ? Албатта, он нафаре, ки андак мафкура дошта бошад пеш аз пешниҳоди ҷоиза аввал корнамоиҳоибеназири соҳиби онро пешкаш месозад.Мо ҳамагӣ хонуми равоншод Файзинисо Воҳидоваро хуб мешинохтем ва тамоми амалҳояшро медонем ва бо тарозуи ақли хеш санҷидаву баҳогузорӣ намудаем. Файзиниссо Воҳидова ба ҳайси як зан ё як ҳуқуқшинос рисолатҳояшро адо карду рафт. Манҳамчуняк нафарзан, модар, бонуи коргар ҷоизаи беҳтаринро дар тарбияи дурусти фарзандон, хушбахтии хонаводагӣ, талош баҳри осудагиву оромиши маҳалла, ноҳия, шаҳру Ҷумҳурӣ, яъне Тоҷикистони азизам медонам. Агар ҳар бону ин рисолатҳояшро, ки аз тарафи Парвардигор ба дӯшаш вогузор гардидааст, адо карда бошад,бешак лоиқи ҷоизаи аълотарини Худованд гардидааст.Ҷаноби Юнус Бурҳонов ба маълумотатон мерасонам, кимонед, то Файзиниссо Воҳидова дар қабр ором хобад. Ақаллан, пас аз марг аз дасисаву иғвоҳои шумо ва шумобаринҳо оромиш ёбад.Шумо барои соҳибҷоиза гардидани худатон ва ҳаммаслаконатон дар ин дунёву охират талош варзед, зеро Шумомаънии офаринишро “аз мо дида беҳтар медонед”.Ин байти халқиро ҳаргиз фаромӯш насозед:

Калтаки Худо садо надорад,

Баъди заданаш даво надорад!

Аз берун истода оромиши халқро халалдор насозед. Зеро ҳаққи нону намак, обу хок рӯзе аз рӯзҳо аз гиребонатон хоҳад гирифт. Шояд зиндагонатонро аз хоки Ватан берун бурдаед, аҳволи гузаштагонатонро, ки бечоравор дар зери як порча хоки Тоҷикистони азиз хобидаанд, аз хотир набаред, зеро рӯзе худ низ чунин бечора хоҳед шуд. Ман ин суханҳоро беҳуда намегӯям, зеро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дидаам, ки чӣ қадар қабристону оромгоҳҳоро валангор карда буданд. То ҳол низ аз ин даҳшат метарсаму субҳу шом дуо менамоям, чашми бадхоҳони Ватанам кӯр, забони иғвоангезони Тоҷикистони азизам лол гардад.

Ҷӯраева Сарвиноз

мудири кафедраи умумидонишгоҳии

фарҳангшиносии ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ