Изҳорот оид ба иштироки ҲНИ дар нишасти САҲА
Аз расонҳои ахбор маълум аст, ки ҳар сол конференсия, нишасти матбуотии САҲА дар Варшава баргузор гашта дар он ҳизби терористию экстремистии ҲНИ иштирок мекунад.
Мардуми шарифи тоҷик имрӯз кадом мақсад доштани ҲНИва фаъолияти пасипардагии онҳоро хуб медонад. Аслан ин ҳизби терористи оромӣ, тинҷию осуда зиндаги кардани мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро намехоҳад. Онҳо оромии сиёси, Ваҳдати миллӣ ва шароити иҷтимоии хубе, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон овардан дидан намехоҳанд.
Ин ғуломони ҳалқабаргӯш ифротгароне мебошанд, ки дар сарзамини муқаддас ба дунё омадаба воя расидан ва билохирахиёнати бузургеро ба хоки Ватан, ва аҷдодони хеш кардаанд.
Ин ифротгарон дар рӯй ниқоби исломро кашида корҳои ғайри мусулмониро мекунанд ва оташи низоъро дар байни мардум ҷорӣ месозанд. Хушбахтона ин ниқоб дигар чеҳраи онҳоропӯшонида наметавонад.
Агар ташкилоти САҲА ҳизби терористию экстремистиро дастгирӣ намояд пас эътимоду боварии халқи тоҷикро аз даст медиҳад.
Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавон ва барои ваҳдати миллӣ талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад. Ман ҳамчун омӯзгор рафтори ин ҳизб ва созмоне, ки ин ҳизбро дастгири менамояд маҳкум менамоям.
Умаров Н.Н.