Таассурот: Пешвои миллат – роҳнамои мо
«Донишҷӯ» - мафҳумро аз солҳои кӯдакиам мешунидам ва ҳангоми дар дабистон таҳсил карданам, пайваста аз хонандагонимуассиса огоҳ мегардидам, ки зумрае аз эшон барои идомаи таҳсил дар Муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил мешуданд.Баъди шунидану дидани ин гуна манзараҳо ба худ қавл додам, ки мактабро бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, ба донишгоҳҳои олии кишварамон дохил мешавам.
Хушбахтона соли равон баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонсупоридам. Баъди гузаштан аз санҷишу имтиҳонҳо бо гирифтани 316 хол барои дарёфти унвони пуршарафи «Донишҷӯ» - и факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва ПМ-и ин боргоҳи илму маърифат, яъне МДТ «ДДХ бав номи академик Б. Ғафуров» дохил шудам.
Субҳи 1-уми сентябр боиси ифтихори ман мебошад, ки ҳамроҳи устодон ва донишҷӯёни факултети мазкур суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи дониш ва дарси сулҳ тариқи оинаи нилгун тамошо кардам.
Ман аз баромади Пешвои муаззами миллат як ҷаҳон маънӣ бардошт намудам, зеро Роҳбари мамлакат зимни баромади худ зикр намуданд, ки ҷавонон ояндаи пуриқтидори миллат мебошанд ва бояд мо ҷавонони даврони истиқлолият аз илму дониши замони муосир омӯзем. Пайваста китобҳои бадеиро аз бар намоем ва дар баробари забони модарии худ боз ду – се забони хориҷиро омӯзем, чунки донистани забонҳо ин ҳалкунандаи ҳар як мушкилоти пеш омада барои мо мебошад.
Фархунда Сангинова, донишҷӯи соли якуми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус