Мақсади пӯшиши сатру ҳиҷоб чист?
Ростӣ, оиди сатру ҳиҷоб навиштан бароям андаке душвортар аст, зеро мо сатру ҳиҷобро тамоман замонавӣ кардаему аз сатру ҳиҷоби тавсиявӣ хеле дур рафтаем. Сатру ҳиҷоб ин маънои онро надорад, ки ба сарат матоъеропечониву либосҳои тангу тор ба бар намоӣ, ё худ аз воситаҳои ороишии гуногун истифода бариву диққати ҳамагоро ба худ ҷалб созӣ. Ва ё аз кӯчаи тарбияву одоб нагузаштаву суханҳои қабеҳ гӯӣ ё бо тамоми овозат дар кӯчаву хиёбонҳо қоҳқоҳзанон бихандӣ! Ё худ сатрро ба бар созиву фарзандатро бо вожаҳои қабеҳ дашном диҳӣ!
Ҳаргиз на!Мақсад аз амри пӯшиши сатру ҳиҷоб ин даъват намудан ба одоб ва иффату ҳаё аст, аммо имрӯз афсӯс, ки мо онро ба як мӯде мубаддал сохтаем. Биёед, ба фарҳанги миллии либоспӯшии модари тоҷик рӯй меоварем,кадом модари тоҷик либоси танг мепӯшид? Саъдиро чӣ гуна модар ба дунё овардааст? Румиро кӣ тарбият намудааст?
Агар мақсади ҳукуматдорони тоҷик кашондани сатру ҳиҷоб мебуд, ҳаргиз ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ аҳамияти махсус намедод. Мақсад аз ин падидаву маром риоя намудани фарҳанги либосҳои миллист. Охир, кадом модари тоҷик бо эзору шалворҳои танг рӯймол мепӯшид. Ҳатто дар даврони Шӯравӣба ин ҷуръат намекарданд. Имрӯз мо либоси миллӣ надорем. Ман даъват ба амал меорам, ки новобаста аз намуди либос, мо-хонумон аввал одобу ахлоқамонро дуруст намоем, зеро тарбияи фарзандон ба дӯши мост. Аз нохун чирк кофтан, ё бо кайке пӯстин сӯзонданро интиҳо бахшему шукри ин неъмату давлат ва Пешвои миллат намоем. Якборакак дафтари сувари хаёлотамонро варақгардонӣ кунем, ки мардуми тоҷик чӣ азобҳоеро аз сар гузаронид? Зани тоҷик чӣ гуна ҳуқуқҳоро ноил буд? Имрӯз бошад озодона дар пешбурди ҷамъият камари ҳиммат бастаасту аз ҷониби Пешвои миллат пайваста дастгирӣ меёбад. Аз ин лиҳозба фарҳанги либоспӯшии тоҷикона риоя намоему зиёдаравӣ насозем. То ки ояндагон ба мо барин модарон нафрат нахонанд...
Ҷӯраева С. Б.
дотсенти кафедраи
умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ