​Дустиро ҷусту ҷӯ дорем мо

Баъдаз ба даст овардани истиқлолияти сиёси Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳдӯстонаи худро дар заминаи эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва меъёрҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст. Ин аст,ки дар бобати мустаҳкам намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои дигар ва таҳкими заминаи қонунию шартномавии ҳамкориҳо бо давлатҳои ҳамсоя асос гузоштааст. Ҳар як давлат, сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, сатҳи тараққиёту мавқеъи геополитикиаш дар ҳар марҳилаи инкишофи таърихи баробари сиёсати дохилӣ сиёсати берунии худро низ муайян месозад. Ин самти сиёсати давлатиро муносибатҳои байналхалқӣ ташкил менамоянд, ки яке аз соҳаҳои муҳимтарину мураккабтарини инкишофи љомеа ба ҳисоб меравад. Зеро он тамоми равобиту муносибатҳои байни халқу миллатҳо, давлатҳо, гурўҳи давлатҳо, мақомоти гуногуни давлатиюѓайридавлатӣва байналхалқиро, ки дар арсаи љаҳонӣ фаъолият мебаранд, фаро мегирад. Ҳар як халқу миллат ва давлат ҳамчун љузъи љомеаи љаҳонӣ дар робита ва муносибат бо дигар халқу миллатҳо ва давлатҳо арзи вуљуд мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳар як давлат манфиатҳои миллию давлатии худро дорад, ки онҳоро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ, на ба зарари дигар давлатҳо ҳифз карда тавонад.

Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ аҳамияти муҳимро касб намудааст. Дар муносибатҳои байниҳамдигарии Қирғизистону Тоҷикистон асосан масъалаҳо оиди сарҳадот xой дорад. Вале имкониятҳои вусъати муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои хоxагии халқмавxуданд. ҳар ду кишвар метавонанд дар сохтмони ҳаёти нав, такмили муносибатҳова таҳкими равандҳои демокративу истиқлолияти воқеъb ба ҳамдигар кeмак намоянд. Имрeз Тоxикистон вазъияти ноороми Қиғизистонро маҳкум намуда, тарафдори ба таври мусолиҳатомезҳал намудани он мебошанд. Имруз воқеаҳое, ки дар сарҳади ҳар ду кишвар рух дода истодааст ин боиси ноороми ва коста гардидани нуфузи геополитики ҳарду кишвари ҳамсоя таъсири манфи худро мерасонад, ин оқибат боиси норозиги шаҳрвандони ҳарду кишвар сабаб мегардад.

Имруз воқеъаҳое ки рузҳои охир рух дода истодааст ин масъаларо чи гуна баҳогузори кардан лозим.?

Ба хотир оред воқеаҳои сангинӣ солҳои 90-ум ё ин, ки солҳои 1992-ро ин воқеаҳо барои шаҳрвндони Ҷумҳурии Тоҷикстон дарси ибрат гаштааст ва имруз намехоҳанд, ки он воқеаҳои сангин дигар бора такрор шавад. Бинобар ҳамин нафароне,ки гирифтори суханони бардурӯғ он нафароне, ки дар хоричи мамлаткат истонда моро назорат карда истодаанд нагардем ва нагузорем, ки ба ин дустию бародари ин кишвархои дусту бародаре, ки дар як сарҳадот чой доранд ороми шаҳрвандони онро халалдор созанд. Ва имруз шаҳрвандони ҳарду кишвар даст ба дасти ҳамдигад дода барои гул-гуд шукуфои кишвари азизамон хизмат кунем то аз дустию бародари ин халқиятҳо дигарон дарси ибрат гиранд. Ва дар ин роҳ сиёсати хирадмандонаи Сарварони харду кишварро пайгрии хоҳем кард.

Академик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ