​Терроризм ва экстремизм- вабои аср

Терроризм ва экстремизм ин ташкилоти динӣ буда зидди сиёсати давлат равона карда шудааст. Ташкилотҳои ба ном динҳ бошанд ҳам вале жар зери пардаи дини ислом амалҳоеро ба кор мебаранд, ки ҳатто дини ислом онро базабон овардан ғайри имкон мебошад. Масалан, бо роҳи террор дар гӯшаю канорҳои осоиштаю ороми дунё кушторҳои бераҳмонаю ваҳшиёна ба амал меоранд, ки хоси амалҳои мусулмонӣ нестанд. Терроризм ва экстремизмро ҳизбҳои ғайридавлатии ба ном динӣ ба монанди салафия, ҳизби таҳрир, толибон дар Афғонистон, ҳизби исломии Ӯзбекистон ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд. Яке аз чунин ҳизбҳои тарғиботиву ташфиқотӣ, ки гӯё ҳокимияти давлатро ба даст оварда давлати исломӣ ташкил мекунанд, ин ҳизби таҳрир ба ҳисоб меравад. Амали тарғиботу ташфиқотро онҳо бо роҳи тақсиму паҳн кардани варақаҳои тарғибкунанда ба роҳ монда гурӯҳи худро аз одамоне, ки ҷаҳонбинию дониши васеъ надоранд, зудбоваранд зиёд мегардонанд. Аз ин ҷост, ки иштирокчиён ва аъзоёни ин ҳизбро асосан ҷавононисинни аз 18 то 35 соларо ташкил медиҳад. Онҳо ки зеҳни тоза доранд, сабукфикр ҳастанд ба гуфтаҳои онҳо дода мешаванд. Гумон мекунанд, ки гӯё дар назди Яздони пок ингуна корҳояшон дуруст буда, сазовори биҳиштанд.бо мақсади решакан намуданитерроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи муборизабар зидди терроризм” қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Дар яке аз баромадҳои худ Сардори мамлакат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дуруст иҷро нагардидани нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад. Инчунин, дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, бо содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ , қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд.

Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати тинҷу ором ва соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳадва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Гарчанде , ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

Омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ Муротова Шаҳноза

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ