Гиребони ғарқи чирки Шарофиддин Гадоев аз хиёнатҳо
Шоми дирӯз Шарофиддин Гадоев ба қавли худаш "нишасти матбуотӣ" барпо намуда, гиребони ғарқи чиркашро ба намоиш гузошт. Гиребоне, ки бо шустан ҳаргиз тоза нахоҳад шуд, зеро он чирке аз хиёнатҳои ӯро дорад. Хиёнат ба Ватан, миллат, модар ва Худо...
Чунон суханбозиву сафсатафурӯшиву фачгӯӣ намуд, ки бонувони дар наздаш нишаста, аввалан хаста, баъдан ба танг омада, яке пайи дигаре баромада рафтанд...
Бояд бидонем ва огоҳ бошем, ки ватанфурӯшон 8-10 нафаранду ҷиҳати ҷалби сармоя ва таваҷҷуҳи хоҷагону хадамот ва ташкилотҳои маблағгугузор ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ даҳҳо гурӯҳ созмон додаанд. Ногуфта намонад, ки Шарофиддин Гадоев бо хоҳиши хоҷагони эронӣ ва аврупоиаш ба Тоҷикистон бо мақсади муғризона, яъне бозӣ намудан бо эҳсосот ва муқаддасоти мардуми тоҷик омада буд. Саҳнаҳо сохт, ки гӯё пушаймон аст. Аммо тиннати нопок ки дошт, чун авф гашт, дубора рӯ ба хоҷагон оварду даст ба дасти ватанфурӯшон дод.
Он чӣ, ки Шарофиддин имрӯзҳо мекунду мегӯяд, баҳри ризоияти хоҷагонаш аст. Аммо боре ҳам намеандешад, ки саранҷоми ин амалу рафтораш то ба куҷо рафта мерасад. Рӯзе мерасад, ки дар кӯчаҳои ғарибӣ мефавтад ва ҷасадаш дар партовгоҳ пӯсида-пӯсида меравад...
Бобоҷони Хайриддин, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров