Баргузории маҳфили муҳаққиқони ҷавони шарқшинос
Бахшида ба ҳафтаи илм дар факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳои давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили илмии “Дурахши афкори Фаранг” баргузор гашт.
Дар маҳфил донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои “Нигоҳе ба зиндагинома ва мероси илмии Ҳенри Корбен”, “Хусусияти сифати забони англисӣ ва категорияҳои он дар системаи ҳиссаҳои нутқ” ва “Ҷорҷ Сорос асосгузори Институти ҷамъиятии кушод” маърӯза карда, сипас дар ин замина табодули афкор намуданд.
Дар интиҳо, декани факултети забонҳои шарқ Ислом Раҳимов сухан ронда, зикр дошт, ки ташкил ва гузаронидани маҳфили илмии “Дурахши афкори Фаранг” баҳри дарёфт ва қадрдонии муҳаққиқони ҷавон заминаи мусоид фароҳам месозад.
Маркази иттилоот ва таҳлил