Бо дасти дигарон кор накунед ай хиёнаткорони Ватан

Ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвари халқи тоҷик аз саодатмандона зиндагӣ доштан дар ватани азизамон шукрона менамояд. Ин озодиву ободии ватан осон ба дасти мардум наомадааст, ҳоло ҳам дар ҳар як хонадони тоҷик хотира аз даҳшатҳои солҳои пеш сарзада боқӣ мондааст ва такрор гаштани он рӯзҳоро ягон нафари ба имону ба ихлоси тоҷик намехоҳад.

Аз аввал мардуми мо умед бар он доштанд, ки сулҳу ободӣ дар ватан ҷорӣ мегардад ва ҳар як мардуми тоҷик осоишта зиндагӣ менамояд, ҳоло тамоми мардуми тоҷикистон шукргузор аз он аст, ки дар ватани ободу зебову биҳиштосо зидагиву фаъолият карда истодааст. Ҳар касе, ки бо тафаккурона андеша менамояд мефаҳмад, ки ба ин неъматҳои Илоҳӣ то рўзи қиёмат ба Яздони пок шукргузорӣ бояд намуд.

Лек то ҳол гурўҳҳое ҳастанд, ки гул-гул шукуфии Тоҷикистонро дида наметавонанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки оромӣ ва осудагии Тоҷикистонро халалдор намоянд. Аз байни онҳо имрўзҳо ашхосе низ пайдо шуданд, ки бо гузашти вақт кирдори ғаризонаи худро дарк намуда, пушаймон низ шудаанд. Давлат онҳоро авф кард.

Ҳой сияҳкорон - Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Мирзо Салимпур ва дигар думравонашон! Аз кардаҳои худ пушаймон шавед, бозичаи он хоҷагони хориҷа нагардед, ба ватану давлати худ хиёнат накунед. Хоҷагони хориҷа аз нодонии шумо истифода бурда истодаанд, мехоҳанд бар зидди модари худ “Ватан” силоҳ бардоред. Шумо аз кирдори содирнамудаи худ тавба намуда иқрор шуда ба Ватан баргардед ва дигар ба осудагиву оромии Тоҷикистон халал нарасонед.

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба фаъолияти ҳизбҳои ифротгарӣ ва терроризмӣ баҳои дуруст медиханд. Зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми кишвар андешаҳоихудро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода ҷараёни дурусти онро роҳандозӣ кунад.

Дар баробари ҳамаи ин, ақидаҳо ва назарҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ки чунин ақидаҳо маҳз хатогӣ ба шумор мераванд. Ин маънои онро дорад ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд.

Вазъияти ногувори ҷаҳонӣ такозо менамояд ки мо сади рохи амалӣ шудани ниятхои бади ифротгароён шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иктисодиёти чумхурӣ сахми худро гузорем. Зери сиёсати давлату ҳукумат сарҷамъ бошем.

Мо аҳли зиёӣ ҷомеа боварӣ дорем, ки халқи тоҷик ба сафсатаҳои дар сомонаҳо нашр гашта ҳеҷ гоҳ боварӣ намекунанд. Зеро, ки бо талошҳои фидокоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари тоҷикон сулҳ ва ризояти миллӣ барқарор гардидаасту давраи созандагӣ ва ободкориву эҷодкорӣ оғоз ёфтааст. Доимо кўшиш менамоем, ки ҷавонони мо фирефтаи чунин бадхоҳон ва хоинони Ватан нашуда, дар пешрафти ҷомеа, ояндаи дурахшон саҳмгузор бошанд.

Шарипова М. - дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ