​Дини мубини ислом барои падидаҳои нави ҷамъиятӣ силоҳ нахоҳад гардид!

Дар мамлакатимо - Тоҷикистон натанҳо ходимони дини мубини ислом ва ҳатто олимон, унвонҷӯён ва хуллас аксарияти тамоми аҳолии кишвар новобаста аз амалу кор ва фаъолияти худ мусулмонони чор паҳлуи дини мазкурро сарфаҳмраванда мебошанд. Аммокоршиносоне дар мамлакат вомехӯранд, ки аз номи ин дини муқаддас сӯистифода мебаранд ва ба манфиати худ корҳоеро анҷом медиҳанд, ки танҳо манфиати худи онҳоро ҳимоя мекунаду халос. Онҳо барои нафси бади худ аз номи дини мубини ислом ба норасогиву нобасомониҳои ҷамъияти муосир сабабгор мешаванду халқи бегуноҳро ба вартаи ҳалокат тела медиҳанд. Ва ниҳоят худи онҳо тамошобинони он саҳнаҳои ташкилнамудаи худ мегарданду боз шарм надошта сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Сарвари мамлакатамон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гунаҳкор медонанд.

Дар ҷамъияти мо ягон шаҳрванди соҳибдавлати тоҷик ба гуфтаҳои он душманони ба қавли худ исломшинос бовар намекунанд ва баръакс он исломбадбинонро аз қатори худ дар ҷамъият чун мусулмони номусулмон мебароранд. Дар ҷамъият онҳои тӯҳматҷӯй ангуштшумор бошанд ҳам бо вирусҳои муолиҷанашавандаи худ халқи оддиро заҳрдор намуда истодаанд. Чунин навъи ашхосон номи миллати тоҷику дини мубини исломробо ҳар восита бо қонунҳои нонавишта айбдор мекунанд. Онҳо падидаҳои нави ҷамъияти муосир – терроризм, экстремизмро дар ҷамъият ҷорӣ намудаанд, ки аз арзи вуҷудаш то ҳоло ин падидаҳо ягон обрӯ ва эътиборе гирифта надодаасту баръакс ба номи дини мубини ислом иснод оварда истодааст.

Халқи моро воқеотҳои замони охир ҳушёр намудааст ва ба ақидаҳои террористону экстремистони давр бо таҳқир нигоҳ мекунанд.Вобаста ба мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои “исломӣ” ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулотҳои давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ сухан ронда, онҳоро ҳамеша маҳкум мекунанд.
Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти дини мубини Ислом дар ҷамъияти мо назаррас мебошад, ки ин дили он наҳзатиёнро ба хурӯш меорад ва ҳамеша онҳо дар кӯшиши бадномкунии давлати мо - Тоҷикистон бо Пешвои миллаташ Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Исломшиносони тамоми ҷаҳон Пешвои миллатро беҳтарин мусулмони ҷаҳон дар мобайни дигар сарварони давлатҳо мешуморанд. Азбаски Пешвои миллат бо чунин номи пуразиш мушарраф гардидааст, наҳзатиёнро ин безобита сохтааст. Онҳо - яъне душманони миллат худро мусулмони ҳақиқӣ шуморида ҳамаи хизматҳои Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмонро барои халқи тоҷик нодиданӣ мегиранд. Аммо тамоми мусулмонони дунё бо ташаббуси мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия ­ Имоми Аъзам баргузор гардиданашро ва суханронӣ намудани Пешвои миллатамонро дар он хуб дарк намудаанд. Баъди баргузории ин конфронс ҳурмату эҳтироми Пешвои миллати мо – Эмомалӣ Раҳмон дар мобайни мусулмонони ҷаҳони муосир боз ҳам зиёдтар гардид.

Ҳамин тавр, ҳоло Пешвои миллати моро тамоми мусулмонони дунё мешиносанд ва ӯро чун мусулмони ҳақиқии ҷаҳони муосир меҳисобанд ва дар ҳаққи Пешвои миллат ғоибона низ суханҳои хуб мегӯянд.

Дар айни замон фароҳамоварии шароити мусоид барои ҳама мусулмонони Тоҷикистон дили тамоми мусулмонони дунёро ба фараҳ овардааст. Донишмандиву хоксории Президенти кишвари азизамон Тоҷикистон ба мо соҳибдавлатии миллати тоҷикро насиб гардонидааст, ки мо мебояд аз ин босамар истифода барем, Президенти фозили худро, ки бо донишмандиву хоксорӣ дар ҷаҳон ном баровардааст арҷманд донем, ки дигар халқияту миллатҳо ба ин бо ҳавас нигоҳ кунанд. Таассуроти дигар мусулмонони дунёро нисбати Пешвои миллатамон бо меҳнатҳои фидокорона барои давлату ҳокимият васеъ намоем. Тоҷикистонро дар назди дигар давлатҳои муосир баобрӯ гардонида, барои пешравии он хизматҳои шоиста кунем, ки ин қарзи ҳар як соҳибватани миллатмебошад.

Президенти кишвари азизамон – Тоҷикистон барои баланд намудани одобу ахлоқ ва маданияти халқи худ, босуръат бунёд намудани корхонаву биноҳои истиқоматӣ, зебоии кишвар, фаъолияти муассисаҳои динӣ ба монанди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит хизматҳои шоистаи назаррас намудааст.

Аз ҳама воқеоти назаррас ин аст, ки ҳоло мо мусулмонони кишвар нисбати дини мубини худ – Ислом бемамониат суханронӣ менамоему барои ҳимояи он чӣ кӯшише дошта бошем дар амал татбиқ мекунем, ки ин муносибат нисбат ба динамон дар солҳои ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар намерасид. Акнун вақти он расидааст, ки Истиқлолияти давлатиро эҳтиром намоем, ба мафҳуми асосии дини мубини ислом шинос шавем ва рукнҳои онро иҷро кунем.

Мо хеле шодем, ки бо арзишҳои фарҳангиву маънавии дини мубини Ислом озодона шинос ҳастем. Бар зидди гурӯҳҳои мухталифи аз номи дини мубини ислом сӯиистифодабаранда муборизаи беамон мебарем ва корҳои таблиғотиро зидди падидаҳои нави ҷамъиятӣ ба мисли терроризм ва экстремизм мустаҳкамтар мегардонем ва аз нуктаи назари демократӣ ҷамъияти Тоҷикистони Соҳибистиқлолро ба давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳем.

Садорати факултети забонҳои хориҷӣ



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ