​Изҳороти сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

Дар таърихи 16-уми сентябри соли равон дар пойтахти давлати Полша- Варшаваконфронс баргузор гардид, ки оид ба масоили иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварҳои олам буд. Дар ин конфронс намояндагон аз ташкилотиОБСЕ ва сиёсатмадорони кишварҳои ҷаҳон ва намояндагони оппозитсияи тоҷик ширкат намуданд.

Намояндагони ҳукумат ва оппозитсия, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият мебурданд ва ҳоло низ фаъолият доранд дар он конфронс баромад намуданро мақсад доштанд. Онҳо бесаброна конфронсро интизорӣ кашида дар бораи мамлакати мо бӯҳтонҳои навбатии худро баён намуданӣ буданд.

Намояндгон аз кишвари мо – Тоҷикистон Зариф Ализода, Рустам Ҳайдаров ва Дилором Махкамова аз тарафи ҷамъияти шаҳрвандии мамлалакатамон дар он конфронси мазкур ширкат намуда халқи тоҷикро муаррифӣ намуданд.

Орзуи оппозитсияи Тоҷикистон ин дар он конфронс ширкат намуда наҳзании кишвари мо будва онҳо мақсад доштанд, ки дар он саммит иштироки фаъолона дошта бошанд. Барои муҳокимаи муааммоҳои актуалӣ дар Тоҷикистон онҳо тайёр буданд ва мехостанд наҳ зананд.

Намояндагони ташкилотҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ табли шодӣ мезаданд, ки онҳо иштирок хоҳанд кард ва боз суханҳои фисқу фасодомези худро нисбати кишвари ороми мо баён хоҳанд намуд.

Ҳамин тавр дар кишвари бегона дур аз Ватан худро ҳамчун тоҷики Тоҷикистонӣ муаррифӣ намудан ҳам ин қаҳрамонист. Аммо афсӯс, ки дар мобайни баромадкунандагон ашхосони камсаводе ва шуурнокии кофӣ надошта ҳам ба назар мерасиданд, ки аз баромадҳои онҳо ин маълум гардид.

Баромадкунандагони чӣ будани ватану ватандориро мефаҳмида ва ба қадри меҳану кишвар мерасида дар минбари Конфронси мазкур дар мобайни як қатор намояндагони давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро бо тоҷиконаш чунин муаррифӣ намуд, ки намояндагони давлатҳои дигар бо чашми ҳавас нигоҳ карданд. Онҳо ақида доштанд, ки Тоҷикистон як кишвари бо ном дунявиву дар амал не.Вале аҳсан мегӯям бо баромадчиёне, ки ҳақиқати ҳолро нисбати давлати ҳуқуқбунёди мо баён намуда Тоҷикистонро дар арсаи кишварҳои ҳуқуқбунёд муаррфӣ намуданд.

Ман чунин мефаҳмам, ки намояндагони миллати тоҷик дар кадом мамолике ё кишваре бошанд ҳам, ҳамеша Тоҷикистони моро дастгиранд ва номи миллату давлатамонро бо фахр ном мебаранд ва ақидаҳои душманони мамлакати моро ҳамеша пуч мегардонанд.

Аммо дар он маҷлис ман на танҳо баромадҳои номбардорони халқи тоҷикро, балки поймолкунандагони халқу давлати Тоҷикистонро шоҳид гардидам. Вақте, ки суханҳои онҳоро нисбати ватанамон аз номи ватандорони ба қадри Ватан намерасида шунидам хун ба сарам зад ва баъди лаҳзае оромиро ихтиёр намудам ва суханҳои он носипосонро нисбати кишвари худ ба ёд овардам ва дар бедорӣ будани онро ҳис намуда, шахси нисбати кишварамон – Тоҷикистон баромад карда наҳ задаро бешуур ҳисобидам.

Он шахсоне ки нисбати кишвару меҳани худ дар Европа истода нолиданд бемори беақл шуморидам ва боз худ аз худ гуфтам, ки хуб мешуд он ашхосон мебояд таърихи миллату давлати худро донанд. Ҳайфе, ки онҳоро шуури инсонии расо насиб нагардидааст. Агар онҳо ба мафҳуми миллату меҳан сарфаҳм мерафтанд дар мобайни намояндагони давлатҳои ҷаҳон, ки дар он маҷлис иштирок намуданд кишвари худро наҳ намезаданд.

Онҳои малъун яъне Тоҷикистонро наҳзанандагон гӯиё дар мобайни намояндагони он маҷлиси мазкур дар мобайни давлатҳои бегона, яъне дар Европа истода бо суханҳои ба ақидаи худ ҳақ хатои калонеро содир намуданд, ки халқи тоҷик онҳоро намебахшад.

Агар онҳо ватандӯсти ҳақиқӣ мебуданд, ба ҷои сохти давлату давлатдориро дар Европа истода наҳ зада нолиш намудан, як соҳаи зарурии кишварро сахтакак маҳкам қапида бо ҷои доногӣ ва наҳзании сохти давлатдории Тоҷикистон пеш меравониданд.

Намояндагони давлатҳои хориҷи кишвар суханҳои онҳоро нисбати Тоҷикистон шунида худи сухангӯёнро айб намуданд. Зеро тамоми давлатҳои дунё медонад, ки Тоҷикистон бо Пешвои миллати худкишварамонро ба яке аз давлатҳои шинохтаи дунё табдил додааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ