Изҳороти Ҳошимова Н.М. дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ
Бо баробари шунидани тирпарронии шаби сипаригардида дар Хоруғ ҳар як фарди солимфикри ба қадри сулҳу осоиштагии ватани худ мерасида инро кори дасти душманони хориҷии пешравии Тоҷикистонро чашми дидан надошта мепиндорад. Он ашхоси ба ин кори нангин даст мезада худ аз кӯчаи одамигарӣ нагузаштаасту ба мафҳуми сулҳу ваҳдати миллии ватанаш намерасад.
Чашмони он ашхосон ки қадри сулҳу ваҳдат ва пойдории миллати тоҷикро дидан намехоҳанд кӯр хоҳад гардид. Онҳо ба мафҳумҳои “виҷдон”, “инсон”, “зиндагӣ” сарфаҳм намераванд. Он душманон Хоруғро маркази нооромӣ ва номуросогӣ, бадкирдориву хунрезӣ табдил доданианд.
Он душманон сарҳади давлатро убур намуда ба нооромии кишвар ибтидо гузошта пас андар ҳамдигар ба дохили худи мамлакати орому осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлол даромада фитнаву вайронкориҳои худро давом доданианд. Аммо халқи меҳнатқарин ва ватандӯсти давлати мо – Тоҷикистони соҳибтамаддуни зери ливои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияту зиндагӣ дошта ба ин кирдорҳои душманон нафринҳои бешумор мехонанд. Онҳоро кӯрнамакон, инсонбадбинон ва чашми дидан надоштагони сулҳу ваҳдати миллӣ мехонанд. Бале онҳои малъун ба ин нафринҳои дар боло сабтгашта меарзанд.
Хоҷагони хориҷии таъминкунанда бо пулҳои бедардимиён, душманони дохилии мамлакатамонро ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, барои вусъат ёфтани терроризм ва экстремизм ва фаъолшавии унсурҳои ба ҷамъияти муосир бегона ба мисли созмонҳои экстремистиву террористӣ дар Тоҷикистон мекӯшанд ва барои он мусоидат менамоянд.
Мосоҳибватанони асили миллати тоҷики куҳанбунёд ба воқеотҳои охирини Бадахшон бетараф нестем бар зидди онҳо дар мубориза тайёрем. Дар ҳар як лаҳза қаҳрамониҳои Томирису Деваштичро барои пойдории миллату ваҳдат дар Тоҷикистон такрор хоҳем кард. Бо баробари шунидани ибораи тирпарронӣ дар Хоруғ ба каҷфаҳмию нофаҳмӣ дар ҷамъият роҳ нахоҳем дод. Роҳи барангезандагии ихтилофотҳои навбатии душманонро хоҳем гирифт. Умри роҳҳои асосии беқонуниву ноадолатиҳои душманони хориҷиву дохилӣ тӯтоҳ аст. Ба беадолатиҳои ду се ҷинояткор овозаву дарвозаи душманони миллат ба таҳлука набояд афтем.
Мо – тоҷикон халқи шикастнопазири тамоми олам будем ва мебошем.