М. Кабирӣ ва баромади ӯ
Аз баромади М. Кабирӣ маълум мегардад, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод андешӣ ва ҳақиқатгӯи нест. Аммо Кабирӣ ва ҳаммаслаконӣ ӯ дар муддати кӯтоҳ чӣ қадар пешравӣ ва ободӣ шудааст онҳо дида наметавонанд ва намехоҳанд дидан. Ин кори ифродгарон моро водор намуд, ки ин мактубро таҳия намоем. Собиқроҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣМуҳиддинКабирӣ бо баромади худ бори дигар собит намуд, ки як шахси палид, дурўя ва шахси ватанфурӯш мебошад. Кабирӣ ба мақсадҳои нопоки худ ва шарикони дар кишварҳои хориҷиаш буда, ки пешравии моро намехоҳанд, кишвари азизамон Тоҷикистонро фасод кардан мехоҳанд, ҳеҷ гоҳ намерасанд.
Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст мебошад, ки имрӯз кишварамон яке аз кишварҳои осудаву ором ба ҳисоб меравад.Ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 28 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад, бояд хуб фањмиданаш лозим аст, ки мақсади аз ин баромади М. Кабирӣ ва шарикони он барои дубора ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст. Онњо ба таври доимӣ ба њар як пешравии Ҷумҳурии азизамон ва ободии он ягон гапҳои бардуруғ бофта мардумро гумроҳ сохтан мехоҳанд, вале мардуми бофарҳанг ва ватандӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кори аблаҳонаи онҳоро дарк намудаанд ва ҳеҷ гоҳ ба суханҳои бофтаи онҳо дигар бовар надоранд.
Дар ҳақиқат агар М. Кабирӣ барои мардуми кишвари хеш дилсӯзӣ мекард, ҳеҷ гоҳ амнияти кишварро бо ин суханони беасос гунаҳкор намесохт. Ба њар як шаҳрванди кишвар маълум мебошад, ки амният ин асоси осудагиву давлат мебошад, барои ҳамин вазифаи имрӯзаи мо ба ин баромадҳои ифродгарон боварӣ ҳосил накарда, кишвари хешро дӯст дорем ва шукрона кунем, ки осудаву ором дар кишвар умр ба сар бурда истодаем.
Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст мебошад. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.
Устодони кафедраи алгебра ва геометрия