​Терроризм – доғе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

Имрўз тамоми ҷомеаи башариро ҳизбу ҳарактҳои террористӣ ва ифратгароӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рўзи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлати бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Экстремизм вожаи итолиявӣ (экстримус) мебошад ва баъдан дар забони фаронсавӣ ба шакли «эктремисмӣ» қабул шуда, маънои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои ботил ва аз ҳудуди инсонӣ гузаштанро ифода менамояд.

Махсусан, дар даҳсолаҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти давлат халал ворид менамоянд, аз қабили ҲНИ, салафия, ҷараёнҳои террористии ваҳҳобия ва гайра мебошанд. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандўст, бахусус, кишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад. Нахустматлаби терроризм халалдор сохтани осоиштагию амнияти мардум, коштани тухми тарсу ҳарос байни аҳли сайёра, воҳимаангезию игвогарӣ мебошад.Бо ин ҳама омоли ноҷавонмардонаву ифротгароёнаи худ гурўҳҳои мазкур ба нерўҳои давлатӣ, ба давлату давлатдорӣ халал расонидан мехоҳанд. Ин шахсон афродоне мебошанд, ки беҳтарин арзишҳои инсонӣ ва фарҳангӣ, аз қабили инсонгароӣ, ки миллати сарбаланди тоҷик дорад, зери по карда, қасди ҷони нафарони бегуноҳ доранд. Ин амали ноҷавонмардона ва хоинона аст. Ба ҳар як рафтору гуфтор бояд бо чашми воқеъбинона, бо андешаи солим нигаристу муносиб кард. Набояд фирефтаи суханони пучу беасос ва гурўҳҳои ифротгаро шуд. Ин гурўҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд. Барои онҳо, махсусан, олудасозии мафкураи наврасону ҷавонон ҳадафи асосӣ мебошад. Экстремизму терроризм гурўҳҳоянд, ки поёни роҳашон ба варта аст, зеро таърих собит кардааст, ки «бори каҷ ба манзил намерасад».

Экстремисту террорист шахсест, ки барои ў муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизм, зебоӣ ва маданияту санъат ва хираду дониш арзише надоранд. Омили асосии ба ифратгароӣ майл намудани шахс ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ ва тақлидкории ў аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Экстремизм зўроварии хусусиятҳои сиёсидошта мебошад. Ба экстремизму терроризм ташкили бетартибиҳои оммавӣ, тафриқандозӣ ва ҳарактҳои авбошӣ хос аст. Аъзои ин гуна гурўҳҳои манфур аксаран дину мазҳабҳоро ба манфиатҳои пургаразу мардумбадбинонаи худ истифода мебаранд, чун ниқоб ба рў мекашанд. Шиорҳои динпарастонаи онҳо аслан гаразолудаанд, таргибгароёнаанд.

Баробари таълиму тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, онҳоро ба таври пайваста бояд ҳушдор намоем, ки ба равияҳои бегона нараванду чони худро ба зери хатар нагузоранд. Ба фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ хотима бахшанд, аз арзишҳои миллӣ ва маънавии худ истифода баранд.

Собирова М.Ғ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ