Назми бонавои дилхурӯш
Ҳангоми субҳ ба гӯш расидани овози форами қироати Суруди миллӣ тариқи телевизионҳои кишвар ҳар фарди худогоҳу ватандӯстро ҳушдор месозад, ки баҳри хизмат ба Ватану халқи бузургаш бо нерӯи наву тоза бархезаду камари мардонагиро сахттар бандад. Зеро, Суруди миллӣ чун рукни муҳими муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон назму навои нотакрор дораду манбаи нерӯбахшанда ва мояи ифтихори ҳар як фарди ватанпарвару содиқ мебошад. Эҳтироми хосаи шаҳрванд ба Ватани хеш аз азёд кардану донистани матну оҳанги Суруди миллӣ маншаъ мегирад ва шунавидани қироати он ҳисси ҷонбахшӣ дорад. Аз ин лиҳоз, талқини омӯзишу эҳтиром ва қироати пайвастаи Суруди миллӣ дар байни ҷомеаи шаҳрвандон яке аз самтҳои тарбия ва маърифати ватандӯстӣ буда метавонад. Чунки, то ҳол дар ҷомеа нафароне вомехӯранд, ки бо матну оҳанги Суруди миллӣ беэътиноӣ мекунандуба монанди вуҳушот шунидаанду азхуд накардаанд. Донистани Суруди миллӣ ва қироати пайвастаи он барои шаҳрванди бо ору номуси содиқ ба Ватан ҳамчун аслиҳаест, ки нисбати душманони рӯшоду махфиаш бо ӯ метавонад мубориза барад.
Фарди равшанзамири худогоҳ мекӯшад, ки худ намунаи нафарони дигар бо нишонаи эҳтиром ба Ватани маҳбуб тавассути арзу эътибор ба Суруди миллӣ бошад. Зеро, на ҳамаи шаҳрвандо медонанду дарк карда метавонанд, ки Суруди миллӣ дар давраи ҳассоси рушди ҷомеа тариқи озмун интихобу қабул шудааст. Забони соддаю оммафаҳм ва оҳанги дилхурӯши Суруди миллӣ ҳангоми танинандозӣ ба ҳама нерӯю илҳоми тоза мебахшад ва хусусан садо додани он дар арсаи байналмиллалӣ ҳангоми ғолибияти варзишгарони тоҷикистонӣ ё худ сафарҳои расмии роҳбарияти олии кишвар дар хешбастагӣ бо парафшонии Парчами давлатӣмояи фахру сарбаландӣ аз тоҷику тоҷикистонӣ будани мост.
Дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳонификру андешаҳоигуногун ҷиҳати тарзу усулҳои муносибат бо Суруди миллӣ арзи вуҷуд дорад, ки ба дараҷаи фарҳангу тафаккури фарду ҷомеаи ӯ алоқаман аст. Масалан, қироати ҳаррӯзаи Суруди миллӣ дар соати аввали машғулиятҳо дар манотиқи қисми шимоли Федератсияи Россияро ҷомеаи русиягиҳо на он қадар пазируфтанд.Гӯё, ки ин омил на бар болоравии ҳисси миллӣ, балки ба тақлиду муносибати кӯркӯронаи муҳассилин оварда мерасонидааст. Дар ин васила овардани мисоли аққол аз ҳаёти рӯзмарраро зарур шуморида итминон дорам, ки хулосаи ҳар фард аз ин бар худи ӯст!?
Аз овони кӯдакӣ модари мушфиқу ғамхор ба киссаи фарзанд рӯмолчаи тозае ҷойгир мекунаду талқин менамояд, ки ҳангоми атсазанӣ ва омадани моеъ аз биниаш аз он истифода барад. Ин амали шоистаи модари мӯнису ғамхорро фард то дами маргаш ҳамчун одати доимӣ қабул мекунаду риоя мекунад, чун ин ҷузъе аз фарҳанги инсонӣ, тафаккури ақлӣ, тамаддуни аҷдодӣ мебошад. Боқӣ ҳаволаи ҳар фард ба тафаккуру фарҳанги худи ӯст!?
Масъалаи қироати Суруди миллӣ пеш аз оғози машғулиятҳои мактабӣ масъалаи ҳассосу шӯрангез аст, ки омӯзиши васею таҳқиқи чуқурро тақозо менамояд. Лек, фарди худогоҳу бо ору номус, содиқ ба Ватану ватанпарвар новобаста аз тартиби пешниҳодшудаи худ дар қалбаш ҳамеша Суруди миллиро чун аллаи модари ҷонбахш замзама мекунаду рӯҳашро болида ва нерӯашро қувват мебахшад.
Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент